Толибон Моймайи Дарвози Афғонистон -зодгоҳи Пидромро ғасб карданд

Ноҳия ё вулусволии Моймай ё Дарвози Пойини Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон ба дасти гуруҳи "Толибон" суқут кардааст. Дар ин бораи Радиои Озодӣ бо такя ба ҳукумати маҳалии ин ноҳия хабар медиҳад.  Моймай яке аз панҷ вулусволи водии Дарвози Афғонистон, ки бо номи Дарвозҳо ҳам шинохта мешаванд, аст, ки бо ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Рӯшони Тоҷикистон ҳаммарз аст. […]

Ноҳия ё вулусволии Моймай ё Дарвози Пойини Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон ба дасти гуруҳи "Толибон" суқут кардааст. Дар ин бораи Радиои Озодӣ бо такя ба ҳукумати маҳалии ин ноҳия хабар медиҳад. 

Моймай яке аз панҷ вулусволи водии Дарвози Афғонистон, ки бо номи Дарвозҳо ҳам шинохта мешаванд, аст, ки бо ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Рӯшони Тоҷикистон ҳаммарз аст. Латиф Пидром сиёсатмадор ва шоири маъруфи Авғонистон, раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон зодаи ҳамин ноҳия аст. 

Комбиз Қурбонӣ, раиси ноҳияи Моймайи Бадахшони Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, "ки соатҳои панҷи субҳи рӯзи панҷшанбеи 19-уми ноябр гурӯҳи Толибон аз чанд тараф ба маркази ин ноҳия юриш бурда, пас аз чанд соат даргирӣ онро тасарруф карданд".

Раҳбари ин ноҳия далели суқути вулусволиро кам будани неруҳои амниятиву пулис ва камтаваҷҷуҳи ҳукумати марказӣ гуфтааст.

Як соли ахир ҳузури гуруҳи "Толибон" дар Бадахшони Афғонистон, хусусан вулусволиҳои Дарвозҳо хеле фаъол шудааст ва даргириҳои пурқурбоние дар ин минтақа сурат мегирад. 

Моймай 22 ҳазор ҷамъият ва 81 деҳа дорад, ки аҳолии он саросар тоҷиконанд. Мардуми ин вулусволи аксаран суннӣ ва қисме ҳам пайравони тариқати исмоилияи аҳли ташайю мебошанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.