Боздошти корманди сохтаи комиссариати ҳарбӣ дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе як ҷавони 28-сола, ки худро корманди Комиссариати ҳарбӣ муаррифӣ намуда, ҷавононро бо таҳдиди ба таври зурӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдан, телефонҳои мобилиашонро аз они худ кардааст, боздошт гардид. Ба РВКД дар шаҳри Душанбе зиёда аз 13-нафар ҷавонон, ки аксаран донишҷӯён ҳастанд, бо аризаи шикоятӣ дар он хусус муроҷиат намудаанд, ки мавриди фиреби […]

Дар шаҳри Душанбе як ҷавони 28-сола, ки худро корманди Комиссариати ҳарбӣ муаррифӣ намуда, ҷавононро бо таҳдиди ба таври зурӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдан, телефонҳои мобилиашонро аз они худ кардааст, боздошт гардид.

Ба РВКД дар шаҳри Душанбе зиёда аз 13-нафар ҷавонон, ки аксаран донишҷӯён ҳастанд, бо аризаи шикоятӣ дар он хусус муроҷиат намудаанд, ки мавриди фиреби як нафар мардумфиреб қарор гирифта, телефонҳои мобилии худро аз даст додаанд. Ҳангоми гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Назарзода Акбарҷони Гадо, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи н. Рӯдакӣ, деҳаи Теппаҳои Самарқандиро ҳамчун гумонбар дастгир намуданд. Номбурда қаблан суд шудааст.

Гуфа мешавад, ки гумонбар бо усули хосе ҷиноятҳои қаллобиро содир намудааст. Яъне ӯ худро ҳамчун корманди Комиссариати ҳарбӣ муааррифӣ намуда, ҷавононро аз ба таври зурӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдан тарс дода, телефонҳои мобилиашонро аз они худ кардааст.

“Тафтишоти пешакӣ 13-ҳолати мардумфиребии ӯро ошкор намуд, ки ҷиҳати муайян намудани ҳолатҳои содир намудани дигар ҷиноятҳо тафтиш идома дорад. Бояд гуфт ин амали ноҷавонмардонаи дастгиршуда боиси коста гардидани обрӯву эътибори мақомоти давлатӣ ва дилсард гаштани ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ гашта, номбурда барои содир намудани ин кирдорҳои ҷиноятиаш дар назди қонун ҷавоб ҳоҳад гуфт”, – омадааст дар хабари РВКД.

Зикр мегардад, ки айни замон нисбат ба боздоштшуда бо моддаи 247(Қаллобӣ)  қисми 2-Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиш қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.