Бозор Собир дар шинохти духтараш Шогуна Собир

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Агар умр вафо мекард, имрӯз, 20 ноябр Бозор Собир 82-юмин солрӯзи худро ҷашн мегирифт. Ӯ яке аз пурбаҳстарин шоир ва шахсияти фарҳангии поёни даврони Тоҷикистони Шӯравӣ ва даврони истиқлол буд.

Ду сол пеш, ӯ дар Сиэтли Амрико, дар шаҳре, ки паноҳандаву бошандаи он буд даргузашт ва бо дастури Эмомалӣ Раҳмон пайкараш ба Тоҷикистон овардаву дар қабристони Лучоб дафн карда шуд.

Якрӯйӣ

Шогуна мегӯяд, падараш шеваи зиндагии худро доштан. Ҳаёти худро ба таври муайяне, ки хилофи урфу одатҳо, анъанаҳо ё интизориҳо буд, ба сар мебурданд:

Масалан, падарам чунин меҳисобиданд, ки ҳуқуқи андешаи шахсӣ ва озодии сухан аз ҳисси ӯҳдадории дипломат будан нисбат ба дӯстон, ҳамкорон ва оила болотар аст. Аммо изҳороти зоҳиран дағалонаашон қасди ранҷонданро надоштанд. Танҳо ҳар чизе мехостанд ҳамунро мегуфтанд ва дар назди касе худро вазифадор намеҳисобиданд, ки фикри худро пинҳон кунанд ё роҳи муайянкардаи худро боздоранд. Ин маънои онро дошт, ки ҳисси тарсу ҳарос надоштанд. Ҳатто вақте ҳангоми зиндонӣ шуданашан мусоҳиба доданд, изҳороташонро тағйир надодаанд. Хулоса, аз ғазабе, ки дар натиҷаи андешаи номаъруф пайдо мешавад, наметарсиданд.

Шабкорӣ

Падарам, тақрибан, танҳо шабона кор мекарданд. Бо сабаби солҳои зиёди фаъолият бо чунин тарз, ки эҳтимол бинобар оиладориашон ва кори рӯзонаашон ба миён омада буд, он кас ба тарзи ҳаёти шабона шуруъ карданд. Вақте, ки пеш аз хӯроки субҳона аз хоб мехестанд, машқ мекарданд, то он даме, ки бемориашон дар соли 2017 вазнин нашуд. Ва ҳамеша ҳар рӯз на кам аз як маротиба одатан шом ё дар дили шаб сайругашт мекарданд.

Дӯстдорӣ

Ман борҳо шоҳиди тасодуфӣ будам,вақте падарам кӯшиш мекарданд аз модарам бӯса рабоянд ё романтик (ошиқона) бошанд. Барои модарам дарҳоро мекушоданд ва дар корҳои хона ба ӯ кумак мерасонданд.

Мактабдидагӣ

Сарфи назар аз ин ки дар се ришта тахассус доштам, падарам мехостанд, ки ман боз ба таҳсилам идома диҳам, чун таҳсили фарзандон барояшон хеле муҳим буд.

Хонадорӣ

Бо бародарону хоҳаронам, фарзандони онҳо (наберагонашон) бисёр вақт мегузаронданд, моҳидорӣ мекарданд. Мо ба кӯҳҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо, театри опера ва балет мерафтем. Хулоса, бисёр фаъол буданд. Ҳамагӣ 4 моҳ пеш аз бистарӣ шуданашон дар беморхона, падарам, бародарам, фарзандони бародарам ва ман қабл аз таҷлили Соли нав бобои барфӣ сохта будем”.

Ватандорӣ

Баъди аз Душанбе ба Амрико рафтан низ нақша доштанд, ки ҳамагӣ ду моҳ дар ИМА мемонанду бармегарданд. Аммо масоили табобату суғурта, будубоши онҳоро тамдид карданд, то даме, ки падарам сахт бемор шуданд ва бори дуюм дар беморхона бистарӣ шуданд. Ҳатто дар бистари беморӣ хабарҳои тоҷикӣ ва филмҳои кӯҳнаро дар интернет тамошо мекарданд. Бароям ҳанӯз дардовар аст, ки онҳо нақшаи худро амалӣ карда натавонистанд.

“Амрикобезорӣ”

Сабаб ин буд, ки аксари амрикоиҳо ИМА-ро барои бахшҳои ноодилона,  аз қабили набудани суғуртаи тиббӣ барои миллионҳо, қарздор шудани мардум аз бонкҳо, набуди таҳсили ройгон, афзудани бесарпаноҳҳо (бомжҳо) ва албатта сиёсати хориҷияш, интиқод мекунанд. Танқиди Бозор Собир низ аз ҳар нигоҳе ба танқиди миллионҳо амрикоӣ монанд буд.

Тоҷикистондорӣ

Устод, воқеан Тоҷикистонро бисёр ёд мекард. Ррӯзе набуд, ки бе ҳикояе марбут ба Тоҷикистон гузарад. Падарам ба мо аз айёми кӯдакиаш, ки дар интернат гузашта буд ва зодгоҳаш – Сӯфиён қиссаҳои шӯхиомез мекард. Падарам ғами дурии худро аз зодгоҳ, ёру наздикон ба воситаи шеърҳояш, ки дар васфи Ватан эҷод мекард, таскин медод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...