Маҳзунро дар Душанбе ба хок супурданд

Шоири варзида ва рӯзноманигори тоҷик Сафар Аюбзодаи Маҳзунро, ки имшаб дар сини 64-солагӣ даргузашт, дар Душанбе ба хок супурданд. Ӯ як рӯз пеш аз маргаш навишта буд, ки дар боморхонаи маъруф ба "Якум Советский" зери дастгоҳи тнаффусӣ қарор дорад.  Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ шоирону фарҳангиёни зиёде марги Маҳзунро талафоти калоне барои адабиёти тоҷик донистаанд.  […]

Asia-Plus

Шоири варзида ва рӯзноманигори тоҷик Сафар Аюбзодаи Маҳзунро, ки имшаб дар сини 64-солагӣ даргузашт, дар Душанбе ба хок супурданд. Ӯ як рӯз пеш аз маргаш навишта буд, ки дар боморхонаи маъруф ба "Якум Советский" зери дастгоҳи тнаффусӣ қарор дорад. 

Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ шоирону фарҳангиёни зиёде марги Маҳзунро талафоти калоне барои адабиёти тоҷик донистаанд. 

Маросими видоъ ва ҷанозаи шоир дар манзилаш, воқеъ дар маҳаллаи Ховарони Душанбе доир шуд. Далели маргашро расман нагуфтаанд, вале наздиконаш мегӯянд, ки ӯ дар бемористони "Якум Советский" аз бемории ҳамагир табобат мекард.

Бародари шоир Бобохон Аюбов ҳам дар оғози ҳамин беморӣ, баҳори имсол дар ҳамин беморхона фавтида буд, ки он вақт гуфта мешуд далели маргаш илтиҳоби дутарафаи шуш аст. Аммо Маҳзун он вақт навишта буд, ки бародараш аз коронавирус фавтид.

Сафар Аюбзодаи Маҳзун узви Иттиҳодияи нависандагон ва рӯзноманигорони тоҷик буд, ки дар доираҳои адабӣ бештар бо ашъори танзомез ва ҳаҷвии худ маъруф буд. 

Маҳзун 7 январи соли 1956 дар деҳаи Дараи Оби ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, дар вилояти Хатлон таваллуд ёфта, дар деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Мӯъминобод мактабро хатм кардааст. Хатмкардаи риштаи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб. Корро ба унвони омӯзгор оғоз карда , дар нашрияҳои "Ҳақиқати Қӯрғонтеппа", "Роҳи ленинӣ" кори рӯзноманигории худро шуруъ кардааст.

Баъди солҳои 90-ум ба Душанбе омада, ин ҷо дар чанде аз нашрияҳо ва расонаҳои дигар ба унвони хабарнигор, ходими адабӣ ва ҳатто сардабири маҷаллаи "Молия ва ҳисобдорӣ"-и Вазорати молияи Тоҷикистон кор кардааст. 

Китобҳои шеъри "Нафаси ишқ", "Шарораи шавқ", "Ай ишқ, наҷотам деҳ!", "Ранҷи ишқ ширин аст", "Саду як дарди ишқ", "Сурайёнома", "Гулбоз", "Ҷоно, падару модарат аз ёд мабар!", "Афсонаи шодӣ", "Бадеҳаи ашк", "Таронаи ишқ", "Давлати ишқ", "Таронаи ифтихор", "Сад пора дили маҳзун"-и шоир дар давраҳои гуногун нашр шудаанд. 

Сафар Аюбзодаи Маҳзун намоишномаҳое ҳам барои театру телевизион менавишт, ки "Базми хосаи Мушбону", "Ашӯламоҳ ва Фалакбой", "Чароғи маърифат", "Гуфтугӯ бо театр" ва "Моҷаро" намунае аз онҳоянд.

Маҳзун дар баробари доштани баъзе унвонҳои соҳавӣ, ҳамчунин дорандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Иттифоқи журналистон Тоҷикистон низ буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.