Дар Суғд маргу мир зиёд шудааст: аз ҳама беш дар Хуҷанд

Дар шимолии Тоҷикистон давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ 10 ҳазору 537 нафар фавтиданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи як соли пеш 1294 марги одамон зиёд шудааст. Бино ба маълумоти шӯъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Суғд, шаҳри Хуҷанд дар сархати зиёдшавии омори марг ҷой гирифт, ки 233 ҳолати фавт дар ин шаҳр назар ба […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Дар шимолии Тоҷикистон давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ 10 ҳазору 537 нафар фавтиданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи як соли пеш 1294 марги одамон зиёд шудааст.

Бино ба маълумоти шӯъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Суғд, шаҳри Хуҷанд дар сархати зиёдшавии омори марг ҷой гирифт, ки 233 ҳолати фавт дар ин шаҳр назар ба як соли пеш зиёд шудааст. Соли ҷорӣ бинобар хӯрӯҷи пандемия дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ низ аз марги сокинони Хуҷанд бештар хабарҳо дарҷ мегардад. 

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров яке аз ноҳияи сернуфузтарин ва калонтарини Тоҷикистон аст. Аҳолияш аз аҳолии Хуҷанд бамаротиб зиёд аст ва дар муқоиса ба даҳ моҳи соли гузашта имсол 209 фавт дар ин ҷой зиёд шудааст. ва баъди шаҳри Хуҷанд дар ҷойи дуюми тафовути омори марг нисбат ба як соли пеш қарор гирифт. Дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Ҷаббор Расулов низ зиёдшавии марг мушоҳида мешавад, ки дар ин минтақаҳо  нисбати соли гузашат аз 100 то 200 нафар бештар фавтидаанд.  

Сардори шӯъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд Лолахон Файззода дар сӯҳбат бо “Азия Плюс” гуфт, соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Конибодом 57 ва Гулистон 9  мавриди марг нисбат ба соли гузашата кам шудааст. Аммо дар 16 шаҳру навоҳии боқимонда “мотамҳои хонаводагӣ" бамаротиб зиёд шудааст.  

Вилояти Суғд соли ҷорӣ бинобар хурӯҷи вируси ҳамагир ва марги “ҷеҳраҳои тобонаш” бо ин далел дар сархати расонаҳо ҷой гирифт. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ бештар аз марги пайвандону чеҳраҳои маъруф дар ин вилоят менависанд.

Ҳафтаи гузашта сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода дар сӯҳбат бо “Азия Плюс” шаҳру навоҳии  Ашт,  Бобоҷон Ғафуров,  Исфара, Панҷакент ва Истаравшанро аз  минтақаҳои осебпазири бемории ҳамагир ном буд. Ва аз ҷадвали омори марг низ мушоҳида мешавад, ки дар ин ҷойҳо имсол одамон бештар фавтидаанд вале оморе, ки чанд тан аз онҳо бо далели коронавирус ҷон бохтанд дастрас нест.

Мақомот тасмим дорад дар ин панҷ шаҳру навоҳӣ то охири сол марказҳои ташхиси бемории коронавирусро ташкил кунад, ки феълан чунин ташхисгоҳ танҳо дар Хуҷанд мавҷуд аст.  

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?