Як имомхатиб довталаби даври ҷумҳурявии озумуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” аст

Ардашер Амонов  имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Ҷалолиддини Балхии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" сазовори ҷойи дуюм, дар даври шаҳрӣ соҳиби ҷойи сеюм гардида, довталаби даври ҷумҳурявӣ аст. Тавре Ардашер Амонов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, мақсадаш аз ширкат дар озмун такмил додани дониш ва намуна будан барои […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ардашер Амонов  имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Ҷалолиддини Балхии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" сазовори ҷойи дуюм, дар даври шаҳрӣ соҳиби ҷойи сеюм гардида, довталаби даври ҷумҳурявӣ аст.

Тавре Ардашер Амонов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, мақсадаш аз ширкат дар озмун такмил додани дониш ва намуна будан барои ҷавонон аст.

Ин имомхатиб мегӯяд, ки дар озмуни дар бахши “хондан ва аз худ намудани адабиёти классикӣ” довталаби даври ҷумҳурявӣ аст. 

Домулло Ардашер мегӯяд барои ширкат дар озмун аз сӯйи имомони масҷидҳои ноҳияи Шоҳмансур дар як ҷамъомад ташвиқ шудааст.

“Дар як ҷамомади Имомхатибони ноҳия маро пешниҳод намуданд, ки дар ин озмун ширкат варзам. Ман бе ягон дудилагӣ пешниҳодро қабул намудам. Чун мактаби миёна ва Донишкадаи исломии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм намудам. Баъдан Донишгоҳи аграриро низ бо муваффақият хатм кардам. Дар баробари дониши динӣ – исломӣ доштан, аз дониши дунявӣ низ огаҳ ҳастам. Чун, аз даврони хурдӣ китобҳои зиёд мутолаа мекардам ва ғазалу рубоиҳоро низ зиёд медонам”,  – мегӯяд ин имомхатиб.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ҳоло барои даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” омодагӣ дида истодааст ва ба мутолиаи китоб машғул аст.

“Ҳоло дар хона ба мутолиаи китоб машғул ҳастам ва фарзандонам низ аз ин амали ман илҳом гирифта китобҳои зиёд мутолиа мекунанд. Ҳарчанд нисбат ба дигар иштирокчиён синну соли ман бузургтар аст, аммо кӯшиш ва умед дорам, ки дар даври ниҳоӣ низ сазовори ҷойи намоён гардам. Ҷавонон бояд чунин имкониятҳоро аз даст надиҳанд ва дар ин озмунҳо ширкат варзанд”, – гуфт Ардашер Амонов.

Ардашер Амонов соли 1981 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шуда, соли 2005 Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзамро бо ихтисоси усули шариат ва соли 2012 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро хатм намудааст.

Аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим низ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки аввалин имомхатибе аст, ки дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат варзида, сазовори ҷойи намоён гардидааст. 

Озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" бо дастури Президенти Тоҷикистон имсол бори дувум аст, ки баргузор мешавад. Соли гузашта бори нахуст ин озмун доир шуда буд. Ин озмун аз моҳи январ то моҳи декабр дар чор давр баргузор мешавад. Дар он хонандагону донишҷӯён ва магистрону аспирантҳову докторантҳо иштирок карда метавонанд. Имсол маҳдудияти синнусолӣ дар он бардошта шуд. Ғолибони ин озмун дар чор давр муайян ва аз сӯйи ҳукуматҳои маҳаллӣ қадрдонӣ мешаванд. Ба ғолибони давраи чорум аз ҷониби президент тӯҳфа ва мукофотпулӣ дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.