ФСБ: пешгирии амали террористӣ ва боздошти як зодаи Осиёи Марказӣ

Кормандони Хадамоти федералии амният (ХФА, ФСБ)-и Русия аз содир гардидани амалҳои террористӣ дар шаҳру вилояти Маскав, ки аз ҷониби аъзои бахши ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” омода мешуданд, пешгирӣ намуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ХФА Русия. “Аз ҷониби ХФА фаъолияти бахши байниминтақавии ташкилоти террористии фаъолияташ дар Русия манъшудаи “Давлати исломӣ” қатъ карда шуд, ки аъзои он […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Кормандони Хадамоти федералии амният (ХФА, ФСБ)-и Русия аз содир гардидани амалҳои террористӣ дар шаҳру вилояти Маскав, ки аз ҷониби аъзои бахши ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” омода мешуданд, пешгирӣ намуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ХФА Русия.

“Аз ҷониби ХФА фаъолияти бахши байниминтақавии ташкилоти террористии фаъолияташ дар Русия манъшудаи “Давлати исломӣ” қатъ карда шуд, ки аъзои он дар минтақаи шаҳру вилояти Маскав амали террористӣ содир карданӣ буданд. Ҷалби аъзои нав ба сафҳои “Давлати исломӣ” ва маблағгузорӣ ба терроризм низ аз ҷумлаи ҳадафҳои фаъолияти бахш дониста мешавад”, – иттилоъ медиҳад ниҳоди мазкур.

Гуфта мешавад, дар доираи парвандаи ҷиноятии оғозгардида дар бораи ҷинояти самти террористидошта дар қаламрави вилояти Владимир иштирокчии гурӯҳ, зодаи яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ муайян ва боздошт шудааст.

Дар ҷараёни чорабиниҳои тафтишотӣ дар макони ҳузури исломгароёни тундгаро дастгоҳи худсохти тарканда, таркибҳои зарбазани он ва дигар предмету ашё ва ҳуҷҷатҳо дарёфту мусодира гардидаанд.

Дар навори видеои амалиёти махсуси кормандони ХФА-и Русия шиносномаи хориҷии Тоҷикистон дида мешавад.

https://www.youtube.com/watch?v=wgLgplaQhCk

ХФА қайд мекунад, ки баргузории маҷмӯи амалҳои таъҷилии тафтишотӣ ва чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ин маврид идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.