413 сомонӣ: “Сомон эйр” парвозҳои Душанбе-Хуҷандро барқарор кард

Парвозҳо аз Душанбе ба Хуҷанд ва баръакс аз 29 ноябр оғоз мешаванд, гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар ширкати “Сомон эйр”. “Бо ҳадафи таъмини ниёзҳои мардум барои анҷом додани сафарҳо ширкати «Сомон Эйр» парвозҳоро  дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд-Душанбе” аз сар мегирад. Тавре интизор меравад парвозҳо дар як ҳафта ду бор сурат мегиранд. Арзиши билет 413 сомонӣ барои як […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Парвозҳо аз Душанбе ба Хуҷанд ва баръакс аз 29 ноябр оғоз мешаванд, гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар ширкати “Сомон эйр”.

“Бо ҳадафи таъмини ниёзҳои мардум барои анҷом додани сафарҳо ширкати «Сомон Эйр» парвозҳоро  дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд-Душанбе” аз сар мегирад. Тавре интизор меравад парвозҳо дар як ҳафта ду бор сурат мегиранд. Арзиши билет 413 сомонӣ барои як тараф мебошад”,-илова карданд дар ширкат.

Ширкат мегӯяд, ки тибқи қоидаҳо ҳамаи мусофирон ҳангоми ҳузур доштан дар терминал ва ҳангоми парвоз бояд ба сурати ҳатмӣ ниқоб ва дасткаш дошта бошанд.

“Мусофироне, ки ҳарорати баланд доранд ва ё дар онҳо нишонаҳои беморӣ ошкор мешавад, барои сабти ном ва ба дохили тайёра роҳ дода намешаванд. Меъёри иҷозаи бағоҷ – 20 кг, бори дастӣ – 7 кг (эконом класс) аст”,-гуфтанд дар ширкат.

Иттилооти бештарро дар бораи ҷадвали парвозҳо ва арзиши билет мешавад аз маркази хизматрасонии ширкат бо рақамҳои 44-640-40-49, 44-640-40-50 ё 93-7777-459 ва ё аз  оҷонсии хадамоти ҳавоӣ бо рақамҳои 98-807-10-00, 98-880-87-87, 93-501-24-24 дарёфт кард. 

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бар асари ҳамагирии коронавирус аз 20 март тамоми парвозҳои байналмилалиро қатъ карда буд. Мақомоти кишвар барои берун овардани шаҳрвандон ба Русия, Туркия ва Амороти муттаҳидаи Араб парвозҳои махсус ташкил карданд. 

Парвози охирини ширкат дар хатсайри Душанбе Хуҷанд 27-уми марти соли 2020 буд. Дар ҳоли ҳозир парвозҳои мустақим танҳо дар хатсайри Душанбе-Истамбул-Душанбе ва Душанбе-Дубай-Душанбе мавҷуд асту халос. Ҳамчунин барои берун овардани шаҳрвандон аз чанд шаҳри русия парвозҳои чартерӣ ташкил карда шудааст. Аз ҷумлда ширкати русии «Уралские авиалинии» дар як ҳафта аз Тоҷикистон ба русия 11 паврози чартерӣ анҷом медиҳад. Зимнан билетҳо барои парвозҳои чартерии хатсайрҳои Русия-Тоҷикистон ҳамаакнун дар фурӯшим озоданд. Пештар фурӯши ин билетҳоро Сафорати Тоҷикистон Русия танзим мекард.  

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар сармоягузорӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак ҳавасманданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.