Дар 9 моҳ аҳолии Тоҷикистон 130 ҳазор нафар зиёд шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Шумори аҳолии доимии Тоҷикистон то аввали моҳи октябри соли равон ба 9 млн 444,2 ҳазор нафар расид, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, аввали соли ҷорӣ шумори аҳолии Тоҷикистон 9 млн 313,8 ҳазор нафарро ташкил медод.

Ба ин тариқ, шумори аҳолии кишвар дар моҳҳои январ-октябри ҳамин сол ба андозаи 1,4% ё худ 130,4 ҳазор нафар зиёд шудааст.

Қисмати бештари аҳолӣ дар вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад: то моҳи октябр 3,4 млн нафар (беш аз 36% аз шумори умумии аҳолии кишвар).

Шумори аҳолии вилояти Суғд ба зиёда аз 2,7 млн нафар (29%), Ноҳияҳои тобеи марказ – 2,2 млн нафар (беш аз 23%), шаҳри Душанбе – наздики 872 нафар (зиёда аз 9,2%) ва ВМКБ – 230 ҳазор нафар (2,4%) баробар аст.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 то 15 октябри ҳамин сол дар Тоҷикистон маъракаи барӯйхтагирии аҳолӣ ва фонди манзил баргузор шуд. Ин маърака бо тавсияи СММ дар 10 сол 1 маротиба гузаронида мешавад.

Натиҷаҳои пешакии барӯйхтагирии аҳолӣ ва фонди манзилро дар Тоҷикистон Агентии омор семоҳаи аввали соли 2021 пешкаши ҳамагон карданист.

Маълумот дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил давра ба давра, шурӯъ аз семоҳаи якуми соли 2021 пешниҳод гардида, маълумоти охир соли 2023 омода мешавад. Натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил тахминан дар 10 ҷилд нашр хоҳад шуд.

Давоми давраи соҳибистиқлолии кишвар маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон ду маротиба – солҳои 2000 ва 2010 гузаронида шуданд.

Маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон бори охир соли 2010 доир гардид. То тирамоҳи соли 2010 шумори аҳолии Тоҷикистон 7 млн. 565 ҳазор нафарро ташкил дода буд, ки нисбат ба соли 2000-ум 1 млн. 438 ҳазор нафар бештар аст.

Дар назар аст, ки  аввали соли оянда шумори аҳолии доимии ҷумҳурӣ ба 9 млн 688 ҳазор нафар мерасад. Афзоиши шумори аҳолӣ 2,5%-ро ташкил хоҳад дод, ки яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар ҷаҳон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...