Ба куҷо ва барои чӣ асъор аз Тоҷикистон берун меравад?

Тоҷикистон давоми соли равон хариди молу маҳсулотро аз хориҷи кишвар барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти дохилӣ кам кард, лекин то ҳол воридот нисбат ба содирот бартарӣ дорад, ки ба камбуди асъори хориҷӣ боис мегардад. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ барои харидории молу маҳсулот аз хориҷа зиёда аз 2,5 млрд […]

Тоҷикистон давоми соли равон хариди молу маҳсулотро аз хориҷи кишвар барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти дохилӣ кам кард, лекин то ҳол воридот нисбат ба содирот бартарӣ дорад, ки ба камбуди асъори хориҷӣ боис мегардад.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ барои харидории молу маҳсулот аз хориҷа зиёда аз 2,5 млрд доллар харҷ шуда, аз содирооти маҳсулот ҳамагӣ 1,2 млрд доллар ба даст омадааст.

Дар навбати аввал асъор барои харидани маҳсулоти минералӣ (нафт ва маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, ангишт, маъдан ва консентратҳо) аз кишвар берун меравад. Барои харидани ин маҳсулот давоми моҳҳои январ-октябри соли равон беш аз 457,4 млн доллар сарф шудааст, ки ҳудуди 20% аз ҳаҷми умумии воридотро дар ин давра ташкил медиҳад.

Гурӯҳҳои маҳсулот дар сохтори воридоти ҷумҳурӣ иборатанд аз:

–  маҳсулоти саноати кимиё (нуриҳо, доруворӣ, гилхок, лавозимоти ороишӣ (кометика) ва ғайра – 269 млн доллар;

– маҳсулоти растанӣ (сабзавоту мева,полезиҳо, чой, қаҳва, биринҷ, гандум ва дигар маҳсулот) – 267 млн доллар;

– фулузот (металл)-и арзон ва маснуоти фулузотӣ (қубурҳо, сим, мех, корд ва дигар маснуоти фулузотӣ – $279 млн;

– мошин ва таҷҳизот (генераторҳо, турбина, пойгоҳҳои обкашӣ, трансформаторҳо, техникаи маишӣ) – $260 млн;

– маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ (маҳсулоти гӯштӣ, шакар ва маснуоти қаннодӣ, нон ва маснуоти нонӣ, афшураи сабзавоту мева, машрубот)  – 236 млн доллар;

– воситаҳои нақлиёт бо шумули локомтивҳо, вагон, трактор, дучарха (мотосикл) ва велосипедҳо, қисмҳои эҳтиётӣ – 184 млн доллар.

Молу маҳсулоти дар боло зикршуда дар ҳаҷми воридоти кишвар давоми моҳҳои январ-октябр зиёда аз 77%-ро ташкил медиҳад.

Воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон дар ин давра асосан аз Русия сурат гирифтааст, ки ба ҳиссаи он беш аз 30% аз ҳаҷми умумии воридот рост меояд.

Ба кишварҳои ассосии воридкунандаи молу маҳсулот ба Тоҷикистон инчунин Қазоқистон (23%), Чин (15%), Ӯзбекистон (8,1%), Туркия (3,9%) ва Олмон (2,5%) низ мансубанд.

Имсол Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз 110 кишвари саросари дунё молу маҳсулот харидорӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.