Филми “Дар марз”-и Искандар Усмонов ҷоизаи ҷашнвораи кинои Эронро соҳиб шуд

Коргардони тоҷик Искандар Усмонов барои “Сенарияи беҳтарин дар филми ҳунарии кӯтоҳмуддат” ба ҷоизаи Ҷашнвораи байнулмилалии кинои “Муқовимат” дар Эрон сазовор дониста шуд. Филми ӯ “Дар марз” аз рӯзгори пирамарде ҳикоят мекунад, ки беихтиёр асири марзбонони ду кишвар – Тоҷикистону Қирғизистон мешавад. Ҷашнвораи байнулмилалии кинои “Муқовимат” яке аз ҷашнвораҳои бонуфузи кино дар Эрон ба шумор меравад. […]

Коргардони тоҷик Искандар Усмонов барои “Сенарияи беҳтарин дар филми ҳунарии кӯтоҳмуддат” ба ҷоизаи Ҷашнвораи байнулмилалии кинои “Муқовимат” дар Эрон сазовор дониста шуд.

Филми ӯ “Дар марз” аз рӯзгори пирамарде ҳикоят мекунад, ки беихтиёр асири марзбонони ду кишвар – Тоҷикистону Қирғизистон мешавад.

Ҷашнвораи байнулмилалии кинои “Муқовимат” яке аз ҷашнвораҳои бонуфузи кино дар Эрон ба шумор меравад. Мавзӯъҳои кинои фестивал аз ҷаҳони бидуни терроризму нажодпарастӣ, ҷанг ва ғасби қаламрав иборат аст.

Ӯ барои дидор бо хешовандонаш марзро гузаштанӣ шуда, 4 марзбони ҳар ду кишвар ӯро боздошт мекунанд ва байни худ ба муноқишаи лафзӣ мепардозанд.

Ҳар ду ҷониб пирамардро ҳатто то ба ҷосусӣ айбдор карда, вале баъдан маълум мешавад, ки ин амал барои гирифтани мукофот, унвони нав ё рухсатӣ барои дастгир кардани ӯ сурат гирифтааст.

Филм бо ҳамроҳ сари дастурхон нишастану тановули савғоҳои овардаи пирамард ба хешовандонаш – қирғизҳо ба анҷом мерасад.

“Паёми аслӣ дар он ифода меёбад, ки дар ҳама гуна вазъият инсон будан лозим аст, – шарҳ медиҳад сенариянавис Искандар Усмонов. – Мо набояд одамгариро фаромӯш созем, сарфи назар аз миллату мазҳаб ва мансубият ба ҷамъият, бояд монанди одами оқил рафтор намоем”.

“Байни мусалмонон набояд марзҳо бошанд ва онҳо набояд бо ҳамдигар ҷангу муноқиша кунанд”, – мегӯяд Қамчибек ба марзбонон.

Филми кӯтоҳмуддат аз ҷониби коргардони қирғиз Тинчтик Абилқосимов дар “Қирғизфилм” ба навор гирифта шуда, ҳунармандон дар филм бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва қирғизӣ ҳарф мезананд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.