Филми “Дар марз”-и Искандар Усмонов ҷоизаи ҷашнвораи кинои Эронро соҳиб шуд

Date:

Коргардони тоҷик Искандар Усмонов барои “Сенарияи беҳтарин дар филми ҳунарии кӯтоҳмуддат” ба ҷоизаи Ҷашнвораи байнулмилалии кинои “Муқовимат” дар Эрон сазовор дониста шуд.

Филми ӯ “Дар марз” аз рӯзгори пирамарде ҳикоят мекунад, ки беихтиёр асири марзбонони ду кишвар – Тоҷикистону Қирғизистон мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Искандар Усмонов

Ҷашнвораи байнулмилалии кинои “Муқовимат” яке аз ҷашнвораҳои бонуфузи кино дар Эрон ба шумор меравад. Мавзӯъҳои кинои фестивал аз ҷаҳони бидуни терроризму нажодпарастӣ, ҷанг ва ғасби қаламрав иборат аст.

Ӯ барои дидор бо хешовандонаш марзро гузаштанӣ шуда, 4 марзбони ҳар ду кишвар ӯро боздошт мекунанд ва байни худ ба муноқишаи лафзӣ мепардозанд.

Ҳар ду ҷониб пирамардро ҳатто то ба ҷосусӣ айбдор карда, вале баъдан маълум мешавад, ки ин амал барои гирифтани мукофот, унвони нав ё рухсатӣ барои дастгир кардани ӯ сурат гирифтааст.

Филм бо ҳамроҳ сари дастурхон нишастану тановули савғоҳои овардаи пирамард ба хешовандонаш – қирғизҳо ба анҷом мерасад.

“Паёми аслӣ дар он ифода меёбад, ки дар ҳама гуна вазъият инсон будан лозим аст, – шарҳ медиҳад сенариянавис Искандар Усмонов. – Мо набояд одамгариро фаромӯш созем, сарфи назар аз миллату мазҳаб ва мансубият ба ҷамъият, бояд монанди одами оқил рафтор намоем”.

“Байни мусалмонон набояд марзҳо бошанд ва онҳо набояд бо ҳамдигар ҷангу муноқиша кунанд”, – мегӯяд Қамчибек ба марзбонон.

Филми кӯтоҳмуддат аз ҷониби коргардони қирғиз Тинчтик Абилқосимов дар “Қирғизфилм” ба навор гирифта шуда, ҳунармандон дар филм бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва қирғизӣ ҳарф мезананд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...