Аз садама дар ҷануби ҷумҳурӣ мард ва ду фарзанди хурдсолаш ҳалок шуданд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳамаи қурбониёни садамаи нақлиёт мусофири як автомашина буда, ҳамсари мард ва як духтари ноболиғаш бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарианд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Ин садамаи нақлиёти фоҷеабор рӯзи 1 декабр дар роҳи мошингарди Душанбе-Панҷи Поён рух додааст.

Автомашинаи тамғаи “Опел Зефира” таҳти идораи Шарифҷон Мирзоев, сокини 21-солаи ноҳияи Ҷайҳун ба автомашинаи тамғаи “Дэу Нексия” зери идораи ҳамдиёраш Абдурауф Қаноатови 33-сола бармехӯрад.

Дар натиҷа ҳар ду ронанда ва мусофирони автомашинаи “Опел Зефира” – 5 нафар узви як оила: сокини 35-солаи маҳаллӣ Аҳмадҷон Шодиев, ҳамсари 30-солаи ӯ Гулҳавас ва 3 нафар фарзандонашон – Меҳрафрӯзи 11-сола, Шукронаи 2-сола ва Умарҷони 1-сола бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона бурда мешаванд.

“Падари хонавода ва фарзандони хурдсоли ӯ Шукрона ва Умарҷон аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористон ҳалок шуданд”, – қайд мекунад ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел тафтишот ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...