Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Ҷоизаи Буркро гирифт, маблағро хайр мекунанд

Дафтари бахши тоҷикии Радиои Озод барандаи Ҷоизаи Девид Бурки Шӯрои Мудирони Нашароти Амрико гардид. Салими Аюбзод, мудири бахши тоҷикии "Радиои Озодӣ” дар фейсбук ин комиёбиро ба ҳамкоронаш табрик гуфта,  аз хидмати онҳо барои ҳақиқат ва ҷасорати онҳо дар иҷрои вазифаи худ ситоиш намуд. Ба гуфтаи Салими Аюбзод ҷоизаҳои Бурк соле як маротиба аз тарафи Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико […]

Дафтари бахши тоҷикии Радиои Озод барандаи Ҷоизаи Девид Бурки Шӯрои Мудирони Нашароти Амрико гардид.

Салими Аюбзод, мудири бахши тоҷикии "Радиои Озодӣ” дар фейсбук ин комиёбиро ба ҳамкоронаш табрик гуфта,  аз хидмати онҳо барои ҳақиқат ва ҷасорати онҳо дар иҷрои вазифаи худ ситоиш намуд.

Ба гуфтаи Салими Аюбзод ҷоизаҳои Бурк соле як маротиба аз тарафи Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико USAGM, ба рӯзноманигорон барои шараф, шуҷоат ва ҳунари касбӣ дода мешавад.

Ин ҷоиза  ба номи рӯзноманигори машҳур, бунёдгузор ва нахустин раҳбари Бунгоҳи нашароти байнулмилалии ИМА Дейвид Бурк гузошта шудааст гуфт ӯ.

Радиои Озодӣ дар байни 23 бахши RFE/RL ва ҳамроҳ бо чаҳор тими дигари ҳамаи ниҳодҳои нашароти байнулмилалӣ барои эҳёи стандартҳои баланди журналистӣ, ҳақиқатнигорӣ, ошкоргӯӣ ва тавозун, силсилаи гузоришҳои таҳқиқотӣ, таъсири сухан, густариш ба қаламрави мавзуъҳои наву ҷолиб дар соли 2019 ба ин ҷоиза ноил гашт, мегӯяд, Салими Аюбзод.

Мудири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ далели аслии ба даст овардани ин ҷоизаро  фидокорӣ ва ҷасорати ҳамкоронаш медонад. Ӯ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “ман фикр мекунам, бо он қадар машаққате, ки ҳамкоронам ҳар сатри гузориши ҳақиқатнигоронаи худро ба даст меоранд ва ба диққати садҳо ҳазор нафар мерасонанд, низ фидокорӣ ва ҷасорат мебошад”.

Салим Аюбзода мегӯяд ҳоло бо ҳамкоронаш дар ҳоли машварат аст, ки маблағи ҷоизаро чӣ гуна сарф кунанд.

“Ақидае аз ҳама бештар садо медиҳад, ки дар ягон кори хайр ва накӯ харҷ кунем. Дар гузашта Радиои Озодӣ чунин таҷрибаро дошт. Ин пешниҳод низ ҳаст, ки дар остонаи Соли нави мелодӣ ба онҳое, ки бароямон кумакҳои зиёд ва некиҳо кардаанд, туҳфаҳои хотииравӣ тақдим намоем”.

Маблағи Ҷоизаи Брук соле қабл 10 ҳазор доллар эълон шуда буд, вале имсол то кунун майян нест, ки он чӣ қадар аст.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.