Аз садама дар ҷануби ҷумҳурӣ мард ва ду фарзанди хурдсолаш ҳалок шуданд

Ҳамаи қурбониёни садамаи нақлиёт мусофири як автомашина буда, ҳамсари мард ва як духтари ноболиғаш бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарианд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон. Ин садамаи нақлиёти фоҷеабор рӯзи 1 декабр дар роҳи мошингарди Душанбе-Панҷи Поён рух додааст. Автомашинаи тамғаи “Опел Зефира” таҳти идораи Шарифҷон Мирзоев, сокини 21-солаи ноҳияи Ҷайҳун ба автомашинаи тамғаи “Дэу Нексия” […]

Ҳамаи қурбониёни садамаи нақлиёт мусофири як автомашина буда, ҳамсари мард ва як духтари ноболиғаш бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарианд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Ин садамаи нақлиёти фоҷеабор рӯзи 1 декабр дар роҳи мошингарди Душанбе-Панҷи Поён рух додааст.

Автомашинаи тамғаи “Опел Зефира” таҳти идораи Шарифҷон Мирзоев, сокини 21-солаи ноҳияи Ҷайҳун ба автомашинаи тамғаи “Дэу Нексия” зери идораи ҳамдиёраш Абдурауф Қаноатови 33-сола бармехӯрад.

Дар натиҷа ҳар ду ронанда ва мусофирони автомашинаи “Опел Зефира” – 5 нафар узви як оила: сокини 35-солаи маҳаллӣ Аҳмадҷон Шодиев, ҳамсари 30-солаи ӯ Гулҳавас ва 3 нафар фарзандонашон – Меҳрафрӯзи 11-сола, Шукронаи 2-сола ва Умарҷони 1-сола бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона бурда мешаванд.

“Падари хонавода ва фарзандони хурдсоли ӯ Шукрона ва Умарҷон аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористон ҳалок шуданд”, – қайд мекунад ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел тафтишот ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.