Убури сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон иҷоза шуд, аммо на барои ҳама

Алҳол танҳо ба се категорияи шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон барои боздид аз ҳар ду кишвар пас аз баста шудани сарҳадҳо аз нимаи моҳи март бо сабаби паҳншавии сирояти коронавирус иҷоза доданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон. Бино ба маълумоти манбаъ, ҷонибҳо ба гузаштани сарҳад барои шаҳрвандоне, ки дар мактабҳои олии Тоҷикистон ё […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Алҳол танҳо ба се категорияи шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон барои боздид аз ҳар ду кишвар пас аз баста шудани сарҳадҳо аз нимаи моҳи март бо сабаби паҳншавии сирояти коронавирус иҷоза доданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти манбаъ, ҷонибҳо ба гузаштани сарҳад барои шаҳрвандоне, ки дар мактабҳои олии Тоҷикистон ё Ӯзбекистон таҳсил мекунанд, розигӣ додаанд.

Вақти гузаштани сарҳад донишҷӯён бояд бо худ дафтарчаи донишчӯӣ ва ташхиси сироят надоштан аз коронавирусро дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат то замони убури марз дода шудааст.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи манбаъ, айни замон шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар қаламрави кишвари ҳамсоя ҳамсар ё фарзандонашон ҳузур доранд, сарҳадро гузашта метавонанд.

Ба онҳо низ дар баробари шиноснома пешниҳоди шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатномаи таваллуди фарзандон ва ташхиси сироят надоштан аз коронавирус, ки на дертар аз 72 соат то замони убури марз дода шудааст, зарур мебошад.

Ба категорияи сеюми шаҳрвандони кишварҳо, ки убури марз барояшон иҷоза аст, шахсоне дохил мешаванд, ки аз Ситодҳои ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус иҷозаи хаттии дахлдор доранд.

Зимнан зикр шуд, ки айни замон Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи аз 1 январи соли оянда барқарор намудани алоқаи ҳавоӣ байни кишварҳо гуфтушуниду машварат доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.