То баҳор дар Душанбе 4 млн бех гули лола шинонида мешавад

Тибқи нақшаи гулпарварони пойтахт, то баҳор дар Душанбе бояд ҳудуди 4 млн бех гули лола шинонида шавад, лекин раиси пойтахт дархост намудааст, ки зиёдтар шинонанд. Дархости раиси шаҳр ба он рабт дорад, ки соли оянда дар пойтахти Тоҷикистон баргузории ду нишасти бузурги сиёсӣ – ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД ба нақша гирифта […]

Тибқи нақшаи гулпарварони пойтахт, то баҳор дар Душанбе бояд ҳудуди 4 млн бех гули лола шинонида шавад, лекин раиси пойтахт дархост намудааст, ки зиёдтар шинонанд.

Дархости раиси шаҳр ба он рабт дорад, ки соли оянда дар пойтахти Тоҷикистон баргузории ду нишасти бузурги сиёсӣ – ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД ба нақша гирифта шудааст.

“Чунин миқдор гули лола (наздик ба 4 млн бех) дар пойтахти Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ шинонида нашудааст. Соли гузашта наздики 1 млн дона гули лола шинонида шуд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт.

Ба иттилои манбаъ, то баҳор дар пойтахт натанҳо гули лола, балки дигар навҳои гуногуни гулҳо, аз қабили гули довудӣ (хризантема), бегония, карнайчагул (петуния) ва салвия низ шинонида хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳамаи гулҳо дар парваришхонаҳои шаҳр барои шинонидан тайёр мешаванд.

Дар пойтахти Тоҷикистон то фасли баҳор ҳамагӣ беш аз 12,5 млн бех гулҳои гуногун шинонида хоҳанд шуд, ки нисбат ба соли равон қариб 2,5 млн дона бех зиёдтар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.