Зафаробод: ҷавоне ҳамсояи 24-солаашро бо болға куштааст

Дар ноҳияи Зафаробод пулис ҷавони 29-солаеро бо гумони даст доштан дар қатли ҳамсояаш Беҳзод Давронбекови  24-сола бо болғаи оҳанӣ ва бо ин олат латукӯб кардани модари 44-солаи  ӯ Малоҳат Зиёева боздошт намудааст.  Дар ин бора сардори дафтаи матбуоти  Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифӣ ба “Азия плюс” хабар дод.  Бино ба иттилои манбаъ, ҳодиса шоми 10 ба 11-уми […]

Афзал Босолиев, Asia-Plus

Дар ноҳияи Зафаробод пулис ҷавони 29-солаеро бо гумони даст доштан дар қатли ҳамсояаш Беҳзод Давронбекови  24-сола бо болғаи оҳанӣ ва бо ин олат латукӯб кардани модари 44-солаи  ӯ Малоҳат Зиёева боздошт намудааст.  Дар ин бора сардори дафтаи матбуоти  Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифӣ ба “Азия плюс” хабар дод. 

Бино ба иттилои манбаъ, ҳодиса шоми 10 ба 11-уми ноябр дар ҳудуди манзили истиқомати Беҳзод Давронбеков   воқеъ кӯчаи Байналмиллали шаҳраки Зафаробод ба вуқӯъ пайвастааст.

“Тибқи далелҳои тафтишот аз таъсири воситаи нашъадори навъи бангдона дар ҳолати мастӣ байни Беҳзод Давронбеков ва ҳамсояи вай гумонбаршуда Ҷамшед Ҷумъазода муноқишаи лафзӣ сурат мегирад. Гумонбаршуда бо истифода аз болғаи оҳанӣ аввал Беҳзод Давронбековро кушта, дар идома бо гумони он, ки модари ӯ ин  кирдори ҷиноятиашро дидааст,  қасди аз ҳаёт маҳрум кардани занро  намуда, ӯро мавриди латукӯби шадид қарор медиҳад”,-афзуд Акбар Шарифӣ.

Аз зарбаи сахти болға  ба қисмати сару рӯй,  Беҳзод  Давронбеков ба ҳалокат расида, модари ӯ Малоҳат Зиёева ҷароҳати вазнин мебардорад.

Додситонии ноҳияи Зафаробод таҳқиқи идомаи ин қазияро дар ихтиёри худ гирифтааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.