Дар Душанбе бо пули Ҳинд шоҳроҳи ҳаштқаторӣ месозанд

Дар Душанбе сохтмони шоҳроҳи 8-қатории Душанбе-Чортут расман шурӯъ гардид, ки пойтахтро бо маҳаллаҳои атроф мепайвандад. Дафтари матбуотии шаҳрдории Дуқшанбе мегӯяд, ки шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳанӯз моҳи июли соли 2019 ба бунёди роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут заминагузорӣ карда буд. Дар маросми боз шудани бунёди роҳ сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингх ширкат кардаас. […]

Дар Душанбе сохтмони шоҳроҳи 8-қатории Душанбе-Чортут расман шурӯъ гардид, ки пойтахтро бо маҳаллаҳои атроф мепайвандад. Дафтари матбуотии шаҳрдории Дуқшанбе мегӯяд, ки шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳанӯз моҳи июли соли 2019 ба бунёди роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут заминагузорӣ карда буд.

Дар маросми боз шудани бунёди роҳ сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингх ширкат кардаас.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, паҳноии роҳ аз 40 метр иборат буда,  8 хати ҳаракат дар ду самт, пиёдароҳҳо, як пул дар болои Канали калони Ҳисор ва як гузаргоҳи роҳи оҳан, 2 адад гардишҳои нақлиётӣ, чароғакҳои роҳнамо дар ду қитъа, аломатҳои бехатарии роҳ, хати кабудизор, дарахту буттаҳои ороишию сояафкан дар ду тараф, унсурҳои асосии роҳро ташкил медиҳанд.    

“Роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут тибқи нақша дар се марҳила бунёд мешавад. Марҳилаи аввал аз Дарвозаи Ғарбӣ то роҳи автомобилгарди Айнӣ, бо дарозии 4,2 км,  марҳилаи дуюм аз роҳи автомобилгарди Айнӣ то роҳи автомобилгарди Шарора бо дарозии 3,2 км ва марҳилаи сеюм аз роҳи автомобилгарди Шарора то пайваст ба кӯчаи Раҳмон Набиеви маҳаллаи Чортут бо дарозии 1,88 км-ро дар бар мегирад”, – хабар медиҳад шаҳрдорӣ.

Гуфта мешавад, ки ин роҳ аз 9,2 километр роҳи автомобилгарди мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ иборат аст, бо бунёди он мушкилоти зиёди мусофирону ронандагон ҳалли худро пайдо менамояд.

Иншоот дар доираи ҳамкориҳои судманди миёни Тоҷикистону Ҳиндустон бо харҷи 46,5 миллион доллари ИМА сохта мешавад.

Лоиҳа дар доираи гранти 20 миллиондолларии кумаки Ҳиндустон ба Тоҷикистон, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҳиндустон ҷаноби Рам Натҳ Ковинд ба Тоҷикистон моҳи октябри соли 2018 эълон шуда буд, амалӣ мегардад.

Ҳиндустон дар соли 2020 баъди Чину Узбакистону Туркия чоруин кишваре будааст, ки аз ҳама беш ба Тоҷикистон ёриҳои башардӯстона кардааст – $3,2 млн.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.