Шаҳрвандони Тоҷикистон аз саркардаҳои “Толибон” дар суқути Моймайи Дарвоз

Asia-Plus

Абдулатифи Пидром сиёсатмадор ва раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон бо нашри видеое дар саҳфаи фейсбукаш аз ҷанги  гуруҳи “Толибон” дар суқут додани вулусволии Моймайи Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон, ҳамчунин ному насаби чанд шаҳрванди Тоҷикистонро низ овардааст, ки дар ин амалиёт  ширкат доштаанд.

Ба навишти Пидром дар ин амалиёти ҷангӣ шаҳрвандони Тоҷикистон:  Закарё (Гадоев Басинбой) ва Юнус Арсалон (Абдулбосит Воҳидов) ва чанд тани дигар ҳузур доштаанд. Пидром  зодгоҳи Басинбой Гадоевро ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ва аз Абдулбосит Воҳидовро ноҳияи Рӯдакӣ гуфтааст.  

Дар ин видео дида мешавад, ки ин ҳамлаи ҷангӣ дар канори дарё Панҷ дар марзи Дарвози Тоҷикистон ва Моймайи Афғонистон мегузарад. Ва дар ин видео бо номи “Фатҳи райони Моймай” дар баробари навиштаҷоти форсӣ навиштаҳои кириллӣ ҳам ҳаст ва таҳиякунандаи он шабакаи Арсалон гуфта мешавад, ки Юнус Арсалон тахаллуси Абдулбосит Воҳидуф дониста мешавад.

Ҳамчунин ба навиштаи Пидром шаҳрвандони дигари Тоҷикистон Муҳаммадов Дӯстмуҳаммад бо тахаллуси Маҳдӣ, Элмуродов Далер бо тахаллуси Хазифа низ дар ин амалиёти ҷангӣ ҳузур доштаанд.

То кунун мақомоти зидахли Тоҷикистон дар ин бора изҳори назар накардаанд. Талошҳои “Азия-Плюс” барои ба даст овардани назари мақомоти ҷониби Тоҷикистон то нашри ин матлаб бенатиҷа буд.

Пидром ин шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ба гурӯҳи “Толибон” пайвастаанд  аз саркардаҳои ин амалиёти ҷангӣ номида, гуфтааст, ки дар пешопеши ин ҳамла қарор доштанд.

“Дар ҳамлаи “Толибон” ба вулусволии Дарвози Боло (Моймай) бештар аз бист тан аз бошандагони он вулусволӣ, ба сурати бераҳмонае тирборон шудаанд. Ҳамаи ин кушташудагон тоҷик буданд, “Толибон” ҳам тоҷик буданд. Аммо мутаассифона дар пешопеши ин гуруҳи ҳамлакунанда ба вулусволӣ чанд тан аз тоҷикҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам қарор доштанд”.

Дар видеое, ки Пидром нашр кардааст дида мешавад, ки ин гуруҳи ҳамлакунанда чӣ гуна нафарони тарафи дигарро, ки дар пушти сангҳо пинҳон шудаанду даст боло карда таслим мешаванд, тирборон мекунанд. Аз ҷумла дар ҷойе аз ин навор як нафаре аз  толибҳо ба бераҳмона тирборон кардани бошандагони ин вулусволӣ машғул аст, ки ҳамтоёнаш садо мезананд, ки “Закарё, Закарё бас аст, бас аст”.  Ба навиштаи Пидром ин Закарё  Бусайнбой Годоев аст.

Пидром ҳамчунин навиштааст, ки “вулусволии Моймай зодгоҳи ман аст. Ман филми ҷанги Моймайро тамошо кардам. Барои ман куштани тоҷик ба дасти тоҷик ва он ҳам тоҷики омада аз як сарзамини дигар  ҷонгудоз ва ҷигарсӯз буд. Агар ин идда аз тоҷикон ба ҳар далеле наметавонанд оғӯши муҳаббат ва бародарӣ ба сӯйи мо боз кунанд, набояд даст ба қатлу куштори мо бизананд”.

Ба навиштаи Пидром чанд тан аз шаҳрвандони Тоҷикисон (Абдулбосит Воҳидов, Муҳаммадов Дӯстмуҳаммад ва Элмуродов Далер) дар ин вулусволӣ бо духтарони маҳаллӣ аз вулусволии Нусайи Бадахшони Афғонистон издивоҷ кардаанд . “Мебоист” ин тоҷикҳои тоҷикистонӣ  поси хешовандиро медонистанд ва даст ба куштори бераҳмонаи ҳамтаборони дарвозии тоҷики худ дар вулуволии Моймай намезаданд”,-навиштааст Пидром.

Вулусволии Моймайро “Толибон” рӯзи 19 ноябр суҷут дода буданд, ки дар ин амалиёт 22 тан аз неруҳои низомӣ ва мулкии ин минтақро низ кушта буданд. Моймай яке аз панҷ вулусволи водии Дарвози Афғонистон, ки бо номи Дарвозҳо ҳам шинохта мешаванд, аст, ки бо ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Рӯшони Тоҷикистон ҳаммарз аст.

Моймай 22 ҳазор ҷамъият ва 81 деҳа дорад, ки аҳолии он саросар тоҷиконанд. Мардуми ин вулусволи аксаран суннӣ ва қисме ҳам пайравони тариқати исмоилияи аҳли ташайю мебошанд. 

Бино ба маълумоти ҷониби Афғонистон сардори гуруҳи "Толибон" дар Дарвоз ё толибони дарвозӣ як бошанадаи маҳаллӣ бо номи Ҷумъа Талбон аз қарияи Ҷавай аст ва аксари ҷангиёне, ки ба ин гуруҳ пайвастаанд бошандагони вулусволиҳои Дарвозҳо мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...