Ҳалокати 4 касу ҷароҳатгирии 5 нафар аз садамаи нақлиёт

Бар асари ду ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки рӯзи 6 декабр дар роҳҳои ҷумҳурӣ рух дод, 4 кас ҳалоку 5 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота” сокини 19-солаи шаҳри Душанбе дар қаламрави деҳаи Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба дарахт бармехӯрад. Дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бар асари ду ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки рӯзи 6 декабр дар роҳҳои ҷумҳурӣ рух дод, 4 кас ҳалоку 5 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота” сокини 19-солаи шаҳри Душанбе дар қаламрави деҳаи Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба дарахт бармехӯрад.

Дар натиҷа ронандаи автомашина ва мусофирзани 28-солаи он – сокини шаҳри Ваҳдат дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд.

Боз 4 нафар мусофирони дигари автомашина, аз ҷумла 2 нафар кӯдакон ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар роҳи мошингарди Тоҷикобод-Лахш ронандаи автомашинаи тамғаи KIA, сокини 42-солаи ноҳияи Рашт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба ҷарӣ сарозер мешавад.

Дар натиҷа мусофирзани 56-солаи автомашина дар ҷойи ҳодиса ва ронанда аз ҷароҳатҳои бардошта дар беморхона ҳалок шудаанд. Боз як мусофири дигари автомашина ҷароҳат бардоштааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.