Фаъолияти “Дискоклубҳо”-и Хуҷанд дигарбора иҷоза шуд

Мақомот бо дастури риояти чанде аз шартҳои беҳдоштӣ ба марказҳои дилхушӣ ё “дискокулубҳо”-и Хуҷанд иҷозаи дубораи кор дод. Раҳбари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфт, дар сурати риоя нашудани талабот, онҳо дигарбора дари “дискокулубҳо”-ро мебанданд. Баъди як моҳи қатъи фаъолият дубора қарори иҷозаи кори марказҳои дилхушӣ ё худ “дискокулубҳо”-и Хуҷанд содир шуд. Ин […]

Мақомот бо дастури риояти чанде аз шартҳои беҳдоштӣ ба марказҳои дилхушӣ ё “дискокулубҳо”-и Хуҷанд иҷозаи дубораи кор дод. Раҳбари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфт, дар сурати риоя нашудани талабот, онҳо дигарбора дари “дискокулубҳо”-ро мебанданд.

Баъди як моҳи қатъи фаъолият дубора қарори иҷозаи кори марказҳои дилхушӣ ё худ “дискокулубҳо”-и Хуҷанд содир шуд. Ин қарор баъди он содир шуд, ки мақомот мегӯяд, шумораи гирифторшавӣ ба бемориҳои коронавирус ва илтиҳоби шадиди шуш дар Хуҷанд бамаротиб кам шудааст. Роҳбарони марказҳои дилхушӣ огаҳонида  шудаанд, ки дар асоси қарор “Оиди пешгирии хатари паҳншавии COVID-19” аз ин ба баъд корбарӣ кунанд. Раҳбари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хуҷанд Таҳмина Усмонова мегӯяд, роҳбарони “дискокулубҳо” дастуру супоришҳои қатъӣ гирифтаанд, ки бояд талаботи ин қарори беҳдоштиро риоя кунанд.

“Шартан ба фаъолияти марказҳои дилхушӣ иҷозати кор дода шудааст. Онҳо бояд тамоми қоидаҳои аз рӯйи дастурамал пешбинишударо аз ҷумла пӯшидани ниқоб, пеш аз ворид шудан ба дискоклуб ҳатман санҷиши ҳарорати бадан гузаронанд. Безараргардонии дастон ва гузоштани курсиҳо дар масофаи на кам аз 2 метр аз ҳамдигар дар дохили дискокулубҳоро ба инобат гиранд. Масъулини дискокулубҳо ҳатман бояд ин меъёрро риоя кунанд”.

Манбаъ мегӯяд, роҳбарони “дискокулубҳо” бо ин талабот огаҳанд ва дар сурати риоя нашудани ин меъёрҳо, мақомот фаъолияти онҳоро дигарбора қатъ мекунад. Қаблан дар нимаи моҳи октябр дар пайи як дастури раҳбари Маркази санитарию эпидемиологии Хуҷанд дари 8 марказҳои шабонаи дилхушии ин шаҳр ба гуфти мақомот “дар пайи риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ” баста шуд.Он замон хурӯҷи бемориҳои илтиҳоби шуш ва коронавирус дар миён буд. Ва мақомот гуфта буд фаъолияти чунин марказҳои дилхушӣ дар шароити феълӣ барои саломатии шаҳрвандон хатарнок аст”. 

Бино ба гуфти Таҳмина Усмонова, ҳоло вазъи эпидемиологӣ дар Хуҷанд “нисбатан идорашаванда” аст ва сироятёбӣ ба бемориҳои илтиҳоби шуш ва коронавирус бамаротиб кам шудааст. Вай афзуд, муроҷиатҳо бо ин бемориҳо хело кам шуда ва шабонарӯзи гузаштаи санаи 6-уми декабр танҳо як бемор бо нишонаҳои илтиҳоби шуш дар Беморхонаи сироятии Хуҷанд бистарӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.