Мутахассиси амрикоӣ: Кӯҳҳои Тоҷикистон сатҳи бемории COVID-19-ро паст мекунанд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сатҳи пасти гирифторӣ ва маргумир дар Тоҷикистон аз COVID-19 ба он далел робита дорад, ки Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст ва ҷойҳои издиҳом дар он кам вуҷуд доранд, изҳор доштааст зимни семинар-машварати онлайнӣ оид ба пешгирӣ ва муолиҷаи бемории COVID-19 табиби эрониасли амрикоӣ, роҳбари Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии саломатӣ ва омӯзиши ИМА дар шаҳри Ню-Йорк доктор Ораши Алоӣ.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, дар кори семинар-машварат муовинони вазири тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва табибоне, ки бевосита гирифторони коронавируси нави COVID-19-ро табобат мекунанд, иштирок карданд.

Гуфта мешавад, доктори амрикоӣ ин ақидаи худро чунин шарҳ додааст, ки чун аксар мардуми Тоҷикистон дар кӯҳистон зиндагӣ мекунанд, дар он ҷойҳо метавон фосилаи иҷтимоиро ба хубӣ риоя кард.

Ораши Алоӣ зимни семинар изҳор доштааст, ки яке аз роҳҳои пешгирии ин беморӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва хона пайваста тирезаҳоро боз намудан буда, ин омил метавонад ҷиҳати сироят нашудани шаҳрвандон ба бемории мазкур мусоидат намояд.

Ӯ ҳамчунин таъкид доштааст, ки риояи ҳатмии реҷаи ниқоб низ дар самти пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 хеле манфиатбахш ва ҳарчи бештар фаҳмонидани масъалаи мазкур ба мардум муҳим аст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, то субҳи 9 декабр шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 12 ҳазору 511 нафарро ташкил дод. Аз оғози пандемия то ин дам 11 ҳазору 926 нафар ё худ 95,3% аз ин беморӣ шифо ёфта, 88 нафар фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...