Аз Русия ба Тоҷикистон тухмии гандуми серҳосил оварда шуд

Тоҷикистон ба захираи зироатҳои кишоварзӣ дар ҳаҷми кофӣ барои мавсими ояндаи киштукор идома медиҳад. Дар навбати аввал, ба сифати тухмӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, то имрӯз дар кишвар барои кишти зироатҳои кишоварзӣ дар мавсими соли оянда ба қадри кофӣ тухмӣ захира шудааст. Аз ҷумла, КВД “Навъҳои тухмии сабзавоти […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Тоҷикистон ба захираи зироатҳои кишоварзӣ дар ҳаҷми кофӣ барои мавсими ояндаи киштукор идома медиҳад. Дар навбати аввал, ба сифати тухмӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, то имрӯз дар кишвар барои кишти зироатҳои кишоварзӣ дар мавсими соли оянда ба қадри кофӣ тухмӣ захира шудааст.

Аз ҷумла, КВД “Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон” моҳи гузашта аз Русия 526 тонна гандуми тухмии  гурӯҳи элитаро дастрас намуда, 350 тоннаи он аллакай ба хоҷагиҳои вилояти Хатлон ва Ноҳияҳои тобеи марказ тақсим карда шудаанд.

Дар Вазорати кишоварзӣ қайд мекунанд, ки дар бораи харидории гандуми тухмии  гурӯҳи элитаи навъҳои «Московская-56», «Московская-39»  ва  «Мироновская – 808» бо ширкатҳои таҳвилгари Русия қарордод баста шудааст.

Ба гуфтаи мутахассисон, навъҳои гандуми “Московская” каме пештар коркард шуда, бо арзиши аслии паст фарқ доранд ва дар ҳамин ҳол, орди истеҳсолшуда аз он хусусиятҳои хуб дорад.

Ин навъи гандум ҳатто дар шароити душвортарини иқлим низ ҳосили хуб дода, ба бемориҳои гуногун тобовар аст.

Навъи “Мироновская-808” ба хушкӣ тобовар буда, ҳосилнокиаш баланд аст.

Мутахассисони Вазорати кишоварзӣ мегӯянд, ин навъҳои гандум аллакай ба шароити табиати ҷумҳурӣ мутобиқ гардида, дар сурати риояи хуби технологияи парвариш на камтар аз 5 тонна аз 1 гектар ҳосил медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз дар Тоҷикистон 45,3 ҳазор тонна тухмии гандум, наздики 6,5 ҳазор тонна дигар зироати ғалладона ва 36,6 ҳазор тонна тухмии картошка захира шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.