Мутахассиси амрикоӣ: Кӯҳҳои Тоҷикистон сатҳи бемории COVID-19-ро паст мекунанд

Сатҳи пасти гирифторӣ ва маргумир дар Тоҷикистон аз COVID-19 ба он далел робита дорад, ки Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст ва ҷойҳои издиҳом дар он кам вуҷуд доранд, изҳор доштааст зимни семинар-машварати онлайнӣ оид ба пешгирӣ ва муолиҷаи бемории COVID-19 табиби эрониасли амрикоӣ, роҳбари Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии саломатӣ ва омӯзиши ИМА дар шаҳри Ню-Йорк доктор Ораши Алоӣ. […]

Сатҳи пасти гирифторӣ ва маргумир дар Тоҷикистон аз COVID-19 ба он далел робита дорад, ки Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст ва ҷойҳои издиҳом дар он кам вуҷуд доранд, изҳор доштааст зимни семинар-машварати онлайнӣ оид ба пешгирӣ ва муолиҷаи бемории COVID-19 табиби эрониасли амрикоӣ, роҳбари Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии саломатӣ ва омӯзиши ИМА дар шаҳри Ню-Йорк доктор Ораши Алоӣ.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, дар кори семинар-машварат муовинони вазири тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва табибоне, ки бевосита гирифторони коронавируси нави COVID-19-ро табобат мекунанд, иштирок карданд.

Гуфта мешавад, доктори амрикоӣ ин ақидаи худро чунин шарҳ додааст, ки чун аксар мардуми Тоҷикистон дар кӯҳистон зиндагӣ мекунанд, дар он ҷойҳо метавон фосилаи иҷтимоиро ба хубӣ риоя кард.

Ораши Алоӣ зимни семинар изҳор доштааст, ки яке аз роҳҳои пешгирии ин беморӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва хона пайваста тирезаҳоро боз намудан буда, ин омил метавонад ҷиҳати сироят нашудани шаҳрвандон ба бемории мазкур мусоидат намояд.

Ӯ ҳамчунин таъкид доштааст, ки риояи ҳатмии реҷаи ниқоб низ дар самти пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 хеле манфиатбахш ва ҳарчи бештар фаҳмонидани масъалаи мазкур ба мардум муҳим аст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, то субҳи 9 декабр шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 12 ҳазору 511 нафарро ташкил дод. Аз оғози пандемия то ин дам 11 ҳазору 926 нафар ё худ 95,3% аз ин беморӣ шифо ёфта, 88 нафар фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.