Чаро нархи хӯрокворӣ дар Тоҷикистон “осмонбӯс” шуд?

Дар Тоҷикистон нархҳо ба маҳсулоти асосии хӯрокворӣ боло мераванд. Дар ҳамин ҳол, касе ба захираи хӯрокворӣ шитоб надорад. Лекин на барои он, ки ба тағйири вазъ умедворанд, балки аҳолӣ барои захира пули кофӣ надорад. Коршиносони маҳаллӣ қиматшавии хӯроквориро ба болоравии қурби доллар дар кишварҳои содиркунанда ва коҳиши воридоти маҳсулот бар асари пандемия вобаста медонанд. Коршиносони дигар […]

Дар Тоҷикистон нархҳо ба маҳсулоти асосии хӯрокворӣ боло мераванд. Дар ҳамин ҳол, касе ба захираи хӯрокворӣ шитоб надорад. Лекин на барои он, ки ба тағйири вазъ умедворанд, балки аҳолӣ барои захира пули кофӣ надорад.

Коршиносони маҳаллӣ қиматшавии хӯроквориро ба болоравии қурби доллар дар кишварҳои содиркунанда ва коҳиши воридоти маҳсулот бар асари пандемия вобаста медонанд.

Коршиносони дигар аз вазъи ба ин монанд дар саросари дунё ҳарф мезананд.

Масалан коршиноси русиягӣ Вазилий Узун дар ин робита изҳор доштааст, ки ояндаи наздик ҷаҳон ба гароншавии рекордии маҳсулот дучор мешавад.

“Бар асари пандемия даромадҳо зиёда аз 10% кам шуданд, маҳсулот гарон мешавад ва ин тамоил соли 2021 ҳам боқӣ мемонад. Сайёра ба нархҳои баландтарин ба маҳсулот дар тамоми давраи буҳронҳо наздик мешавад. Дар гурӯҳи шаҳрвандони камбизоат аллакй 50%-и даромадҳо ба маҳсулот сарф мешавад”, – иброз доштааст вай.

Нархҳо дар Тоҷикистон рӯз то рӯз боло мераванд. Ҳанӯз нимаи моҳи ноябр 1 кило гӯшти гов дар пойтахт 53 сомонӣ, 1 дона тухм – 1 сомонӣ ва 1 литр равған – 16 сомонӣ нарх доштанд.

Ахиран дар Тоҷикистон аз ҳама бештар маҳз равған – ҳам истеҳсоли маҳалливу ҳам хориҷӣ гарон шуд: нархи 1 литри он аз 20 сомонӣ зиёд шуд.

Ҳафтаи аввали моҳи декабр бошад, маҳсулоти ниёзи аввалияи хӯрокворӣ дар Тоҷикистон чунин нарх доштанд:

Гӯшти гӯсфанд, 1 кг: дар Душанбе – 55 с. Ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ – 55 с. Нархи пасттарин дар кишвар: Мурғоб – 43 с. Нархи баландтарин дар кишвар: Истаравшан – 65 сомонӣ.

Гӯшти гов, 1 кг: дар Душанбе – 55 с. Ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ – 52 с. Нархи пасттарин дар кишвар: Мурғоб – 42 с. Нархи баландтарин дар кишвар: шаҳри Турсунзода, Истаравшан – 60 сомонӣ.

Равғани пахта, 1 л: дар Душанбе – 17,50 с. Ба ҳисоби миёна дар кишвар – 17,80 с. Нархи пасттарин: Рашт – 17 с. Нархи баландтарин: Мурғоб – 19 сомонӣ.

Равғани растанӣ, 1 л: дар Душанбе – 18,80 с. Ба ҳисоби миёна дар кишвар – 19  с. Нархи пасттарин: Рашт, Исфара – 18  с. Нархи баландтарин: шаҳрҳои Хуҷанд, Турсунзода – 20 сомонӣ.

Шир, 1 л: дар Душанбе – 5 с. Ба ҳисоби миёна дар кишвар – 4,40 с. Нархи пасттарин: Истаравшан – 3,30 с. Нархи баландтарин: Хоруғ, Мурғоб – 6 сомонӣ.

Орди гандуми навъи 1-ум, 1 кг: дар Душанбе – 5 с. Ба ҳисоби миёна дар кишвар – 5,15 с. Нархи пасттарин: Истаравшан – 4,70 с. Нархи баландтарин: Мурғоб – 5,80 сомонӣ.

Биринҷ, 1 кг: дар Душанбе – 15 с. Ба ҳисоби миёна дар кишвар – 14,95 с. Нархи пасттарин: Балхӣ, Истаравшан – 11 с. Нархи баландтарин: Мурғоб – 23  сомонӣ.

Қанд (шакар), 1 кг: дар Душанбе – 9,00 с. Ба ҳисоби миёна дар кишвар – 9,63 с. Нархи пасттарин: Душанбе – 9 с. Нархи баландтарин: Мурғоб – 11 сомонӣ.

Тухм, 1 дона: дар Душанбе – 1,13 с. Ба ҳисоби миёна дар кишвар – 1,22 с. Нархи пасттарин: Исфара, Истаравшан – 1,10 с. Нархи баландтарин: Мурғоб – 1,50 сомонӣ.

Карам, 1 кг: дар Душанбе – 2 с. Ба ҳисоби миёна дар кишвар – 2,88 с. Нархи пасттарин: шаҳри Турсунзода – 1,50 с. Нархи баландтарин: Мурғоб – 6 сомонӣ.

Картошка, 1 кг: дар Душанбе – 3,50 с. Ба ҳисоби миёна дар кишвар – 4 с. Нархи пасттарин: Шаҳристон, Рашт – 2,80 с. Нархи баландтарин: Мурғоб – 6 сомонӣ.

Пиёз, 1 кг: дар Душанбе – 2,20 с. Ба ҳисоби миёна дар кишвар – 2,35 с. Нархи пасттарин: Истаравшан – 1,60 с. Нархи баландтарин: Мурғоб – 3,50 с.

Сабзӣ, 1 кг: дар Душанбе – 2,50 с. Ба ҳисоби миёна дар кишвар – 2,60 с. Нархи пасттарин: Ҳисор, Исфара, Истаравшан – 1,50 с.  Нархи баландтарин: Мурғоб – 6 сомонӣ.

Помидор, 1 кг: дар Душанбе – 9 с. Ба ҳисоби миёна дар кишвар – 11 с. Нархи пасттарин: Хуҷанд – 6 с. Нархи баландтарин: Исфара – 18 сомонӣ.

Тайи 10 соли охир ба ҷуз сабзавоту мева, дигар маҳсулоти хӯрокворӣ ба ҳисоби миёна 2-3 баробар қимат шуданд. Моҳи декабри соли 2010 нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ бо сомонӣ тариқи зайл буданд:

Гӯшти гӯсфанд – 21,17

Гӯшти гов – 19,92

Равғани пахта – 7,6

Равғани растанӣ – 8,33

Шир – 2.08

Орди гандуми навъи 1-ум – 2.27

Биринҷ – 5.48

Қанд (шакар) – 5.88

Тухм – 0.59

Карам –  1.48

Картошка – 1.41

Пиёз – 1.20

Сабзӣ –  0.98

Помидор – 7.7.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.