Ба ҳукумати Тоҷикистон дастгирии муҳоҷирон ва бепарво набудан ба аҳволи онҳо тавсия дода шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон бояд ба танзими раванди муҳоҷират, таъмини амнияту некӯаҳволии онҳо, инчунин ҳимоя аз ҳуқуқҳои онҳо дар кишвари таъинот машғул шавад, қайд мешавад дар гузориши рӯзи 9 декабр нашршудаи Бонки осиёии рушд (БОР) дар бораи дастгирии муҳоҷирони тоҷик.

Барои ин ба ҳукуматдорон тавсия дода мешавад, ки аз таҷрибаи пурсамари дастгирии муҳоҷирони кории кишварҳои Осиё истифода кунанд.

Гуфта мешавад, тайи даҳсолаи охир муҳаррики асосии коҳиши устувори сатҳи камбизоатӣ ва рушди иқтисоди Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ мебошад.

“Муҳоҷират сатҳи бекориро коҳиш дода, ба ворид шудани асъор мусоидат мекунад. Соли 2019 ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон 2,7 млрд долларро ташкил дод, ки ба 33,4%-и ММД-и соли пешини ҷумҳурӣ баробар аст”, – қайд мешавад дар гузориш.

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки дар иқтисоди Тоҷикистон барои қувваи кории дар ҳоли афзоиши босуръат қарордошта ҷойҳои кории кофӣ фароҳам оварда намешавад, ки дар натиҷа ҳамасола наздики ним миллион тоҷикон барои дарёфти кор ватанро тарк мекунанд.

Дар гузориш зикр мегардад, ки қисмати хеле зиёди муҳоҷирони кории тоҷик (85%) ҷавонон аз деҳот буда, синнашон аз 15 то 44-соларо ташкил медиҳад. Ҳудуди 98%-и онҳо бо сабаби умумияти зисти муштарак дар Иттиҳоди Шӯравӣ, забони нисбатан фаҳмо, маоши нисбатан аз ватан болотар ва инчунин реҷаи бераводид Русияро кишври муҳоҷират интихоб мекунанд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки аксарияти мардони муҳоҷир дар соҳаи сохтмон ба сифати коргарони ғайритахассусӣ ва занони муҳоҷир дар бахши хизматрасонӣ ба кор машғул мешаванд.

Дар гузориш мушкилоти сершуморе, ки ба он муҳҷоирон дар кишвари бегона дучор мешаванд, таъкид мегардад. Аз ҷумла, гуфта мешавад, бисёре аз муҳоҷирон ба иллати сатҳи тахассуси паст ва огаҳии начандон хуб аз ҳуқуқҳои худ, инчунин ноилоҷӣ ба қабули ҳама гуна шартҳои кор омодаанд.

“Чунин шароит ба истисмори меҳнатӣ аз ҷониби корфармоҳо, суистифодаи кормандони пулис ва тамаъҷуӣ аз ҷониби ҷинояткорон боис мегардад”, – чунин мешуморанд муаллифони гузориш.

Дар он ҳамчунин ҷой доштани рӯҳияи бегонаситезӣ дар Русия таъкид мешавад, ки муҳоҷирон баъди бозгашт ба ватан дар бораи он нақл мекунанд. Ишора мешавад, ки аксарияти муҳоҷирон дар вазъи қашшоқӣ ва шароитҳои хеле душвор кор карда, барои сарфаи пул дар хонаҳое зиндагӣ мекунанд, ки иқоматкунадагонаш хеле зиёданд ва ин ба солимии онҳо таъсир мерасонад.

Коршиносони БОР ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки барои ҳалли мушкилоти мавҷуда бо ҳукуматҳои кишвари таъинот робитаи зич роҳандозӣ намояд. Ҳамчунин машварат дода мешавад, ки дар хориҷа бозорҳои нави кор дарёфт намуда, барои таъмин бо кор дар берун аз ҳудуди кишварҳои ИДМ шароиту имконот фароҳам оварда шавад.

Дар гузориш гуфта мешавад, муҳоҷират муҳимтарин воситаи мавҷудият барои шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Ва ҳалли мушкилоти мавҷуда натанҳо ба муҳоҷирону оилаи онҳо, балки ба ҷомеа ва дар ниҳояти кор ба кишвар манфиатовар хоҳад буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...