Парлумон ҳайати нави ҳукумати Тоҷикистонро тасдиқ кард

Дар иҷлосияи муштараки ҳар ду палатаи парлумони ҷумҳурӣ, ки имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ доир гардид, вакилони мардумӣ ҳайати нави ҳукуматро тасдиқ карданд. Фармонҳои президентро ба вакилони мардумӣ дар бораи таъини аъзои нави ҳукумат ёвари Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори президент дар парлумон Зариф Ализода шарҳ […]

Дар иҷлосияи муштараки ҳар ду палатаи парлумони ҷумҳурӣ, ки имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ доир гардид, вакилони мардумӣ ҳайати нави ҳукуматро тасдиқ карданд.

Фармонҳои президентро ба вакилони мардумӣ дар бораи таъини аъзои нави ҳукумат ёвари Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори президент дар парлумон Зариф Ализода шарҳ дод.

Доир ба аъзои нави ҳукумат аъзои палатаи болоӣ ва поёнии парлумон ба ёвари президент ягон саволе надода, ҳайати нави ҳукумат бидуни баррасӣ ва якдилона тасдиқ шуд.

Ёдрас мекунем, ки ҳайати пешинаи раҳбарияти ҳукумати Тоҷикистон 30 октябр аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон пас аз маросими савгандёдкунӣ ба истеъфо фиристода шуда, ҳайати нави ҳукумат 4 ноябр таъин шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.