Кирои адвокат барои ҳимояи муовини раиси ҲСДТ рад шуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳукуматдорон рад шудани гирифтани адвокатро чунин маънидод мекунанд, ки Маҳмурод Одинаев на бо сабаби фаъолият дар кори ҳизб, балки барои авбошӣ боздошт шудааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров хабар дод, барои ҳимоя аз манфиатҳои Одинаев аз рӯзи боздошташ адвокати давлатӣ таъин шудааст.

“Ғайр аз ин, хешовандони Одинаев рӯзҳои наздик ният доранд, ки боз як адвокати дигар киро карда, маблағи хизматрасониашро худашон пардохт намоянд”, – қайд кард Зойиров.

Ба гуфтаи ӯ, охири ҳафтаи гузашта ӯ ба прокуратураи шаҳри Ҳисор рафтааст. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Маҳмурод Одинаев дар прокуратураи мазкур мавриди тафтиш қарор дорад.

“Он ҷо ба ман маълумот доданд, ки нисбат ба боздоштшуда рӯзи 20 ноябр мутобиқи моддаи 237, қисми 2, бандҳои “б” ва “в” Кодекси ҷиноятии ҶТ (Авбошӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ бо нишон додани муқобилият ба намояндаи ҳокимият ё дигар шахсе, ки вазифаи  ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба уҳда дорад) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст”, – иброз дошт раиси ҲСДТ.

Зимнан зикр шуд, ки дар ҷараёни сафар ба Ҳисор ба ӯ муяссар нашудааст, ки шахсан бо Одинаев суҳбат кунад, зеро иҷоза надодаанд, “лекин ба наздикӣ боз ба он ҷо меравам ва умедворам, ки ин дафъа бо ӯ вомехӯрам”.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5 декабр дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 58-солаи шаҳри Ҳисор Маҳмурод Одинаев дар қаламрави ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Тибқи маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, Одинаев нимаи дуюми рӯзи 29 октябр дар якҷоягӣ бо собиқ ҳамсараш ва писараш ба комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ҳозир гардида, бо баҳонаи он, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ ғайриқонунӣ ва беасос писари ӯро ба хизмати ҳарбӣ даъват кардаанд, дидаю дониста дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.

Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров дар мавриди ин масъала қаблан ба “Азия-Плюс” изҳор дошта буд, ки ҳизб барои ҳимояи Маҳмурод Одинаев ҳизб дар фурсати назди адвокати касбӣ киро мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.