Як пизишки 30-солаи тоҷик дар Русия ҷоизаи 1 миллионрублӣ гирифтааст

Фурқат Ғафуров, як табиби тоҷик, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунад 4-уми декабр  барои корҳои хуби пизишкӣ дар Русия соҳиби як ҷоизаи вижаи табибони ин кишвар шуд. Ин ҷоизаро ба Фурқат Губернатори вилояти Маскав барои кори бомуваффақият дар замони ҳамагирии коронавирус эҳдо кардааст.  Фурқат Ғафуров зодаи шаҳри Хуҷанд аст ва ҳамагӣ 30 сол дорад. Ӯ […]

Asia-Plus

Фурқат Ғафуров, як табиби тоҷик, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунад 4-уми декабр  барои корҳои хуби пизишкӣ дар Русия соҳиби як ҷоизаи вижаи табибони ин кишвар шуд. Ин ҷоизаро ба Фурқат Губернатори вилояти Маскав барои кори бомуваффақият дар замони ҳамагирии коронавирус эҳдо кардааст. 

Фурқат Ғафуров зодаи шаҳри Хуҷанд аст ва ҳамагӣ 30 сол дорад. Ӯ ҳоло  мудири шӯъбаи бемориҳои қалбу раги бемористони яке аз шаҳрҳои вилояти Маскав аст. Падари ӯ Собирҷон Ғафуров ҳам пизишки маъруф аст.

Ин пизишки тоҷик дар як маросими вижа ҷоизаи ба номи "Мо дар каноратон ҳастем "-ро, ки ба 180 пизишк тақдим шуд, гирифтааст, ки миёни онҳо ягона тоҷик буд. 

Фурқат хатмкардаи Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Синои Душанбе аст ва пас аз хатм ба Маскав барои таҳсили давраи ординатура дар маркази ҷарроҳии дилу рагҳои ба номи Бакулев меравад. Пас аз хатми таҳсил, ба далели доштани дониши шоиста академики маъруфи Русия Лео Бокерия аз ӯ мехоҳад, ки дар Русия бимонад ва таҳсилро дар аспирантура идома диҳад. 

Ҳоло ӯ мудири шӯъбаи бемориҳои қалбу раги бемористони марказии ноҳияи Игоревояи вилояти Маскав фаъолият дорад. 

Соли 2019 ӯ таҳти раҳбарии сарпизишки ҷарроҳии дили Русия, академик Лео Бокерия рисолаи номзадияро дифоъ кард ва номзади илми тиб шуд.

Ҳамсари Фурқат ҳам хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Душанбе аст ва ҳоло бо ӯ дар Русия зиндагӣ мекунанд. Ӯ соли гузашта ба "Азия-Плюс" гуфта буд:

"Сарфи назар аз пешрафтҳои шахсӣ, ман орзу мекунам, ки битавонам ба ҷарроҳии дил дар кишварам ёрӣ расонам  ва дар рушди ин бахши душвори тиб дар Тоҷикистон саҳм гузорам. Ҳамватанони мо бояд дар кишвар, дар сатҳи муосиртарин ҷарроҳӣ бишаванд. Агар замоне битавонам барои ҷарроҳони худамон зарур шавам, омодаам дар ташаккулдиҳии мактаби ҷарроҳии дили тоҷик мустақиман ширкат кунам. Бо ин ки дур аз зодгоҳ қарор дорам, ман ҳам мисли бисёре аз ҳамватанон рӯйи он фикр мекунам, ки чӣ гуна мешавад маргу мири сокинони кишварро аз бемориҳои дилу рагҳо коҳиш дод. Ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки тибби қудратманд оинаи як давлати неруманд ва рифоҳ аст".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.