Дасткорӣ| Хамираи дандоншӯӣ дар ду дақиқа коронавирусро нобуд мекунад

Чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ матн ва видеое бо забони тоҷикӣ паҳн мешавад, ки дар бораи “хамираи дандоншӯӣ зидди коронавирус” нақл мекунад. Сарлавҳаи навор чунин аст: “Срочно тамошо кунед!Хамираи дандоншӯӣ зидди каронавирус. Ба харидани зубной паста шитобед!” Дар зерматни кутоҳи видео гуфта мешавад, ки сарчашмаи хабар sputnik-tj аст. Ҳукмнома: Дасткорӣ “Се нуқта” бо дарёфти матни […]

"Се нуқта"

Чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ матн ва видеое бо забони тоҷикӣ паҳн мешавад, ки дар бораи “хамираи дандоншӯӣ зидди коронавирус” нақл мекунад. Сарлавҳаи навор чунин аст: “Срочно тамошо кунед!Хамираи дандоншӯӣ зидди каронавирус. Ба харидани зубной паста шитобед!

Дар зерматни кутоҳи видео гуфта мешавад, ки сарчашмаи хабар sputnik-tj аст.

Ҳукмнома: Дасткорӣ

“Се нуқта” бо дарёфти матни аслӣ маълум кард, ки аслан чунин тадқиқоте вуҷуд дорад, аммо дар маводи “Спутник Тоҷикистон” ва ютуб-канали “SAMIMONA TV” ба дасткорӣ роҳ дода шудааст. Яъне гап сари кам кардани вирус дар ковокии даҳон меравад, на табобати пурраи коронавирус.

Иқтибос:

Матни хабари “Спутник Тоҷикистон” бо сарлавҳаи “Кашфиёти олимони Амрико: дар ду дақиқа коронавирус нобуд мешавад” чунин аст:

“Олимони амрикоӣ дар ҷараёни таҳқиқоти лабораторӣ роҳи нест кардани коронавирусро дар зарфи ду дақиқа 99,9 фоиз кашф карданд

Муҳаққиқони амрикоӣ муайян карданд, ки хамираҳои дандоншӯӣ бо руҳ ва қалъагӣ қодиранд давоми ду дақиқа коронавирусро 99,9% безарар гардонанд.

Натиҷаҳои озмоишҳои лабораторӣ дар British Dental Journal нашр шудаанд.

Дар саросари ҷаҳон дар як шабонарӯз беш 233 ҳазор нафар гирифтори коронавирус шуданд

Илова бар таъсири ошкоршудаи хамираи дандоншӯӣ, тахминҳое, ки дар ҷараёни як таҳқиқоти дигар ба даст омадаанд, тасдиқ шуданд, ки шустани даҳон бо хлориди сетилпиридиний вирусро низ дар ним дақиқа безарар мегардонад.

"Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе хамираҳои дандоншӯӣ ва шустани даҳонҳо метавонанд муваққатан миқдори вируси SARS-CoV-2 – ро дар даҳон коҳиш диҳанд", – изҳор доштанд олимон.

Дар пурсишҳо 260 нафар беморон бо ташхиси тасдиқшудаи коронавирус ширкат варзиданд. Ҳамаи онҳо аз хамираи дандоншӯӣ ва шустани даҳон истифода мекарданд”.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Мо маводи аслиро дар сомонаи British Dental Journal бо сарлавҳаи “Toothpaste and mouthwash inactivate 99.9% of the viruses that cause COVID-19” (Хамираи дандоншӯӣ ва маҳлули шустани даҳон 99,9% вирусеро, ки боиси COVID-19 мегардад, безарар мекунанд.

“Тадқиқотҳои лабораторӣ нишон медиҳанд, ки хамираҳои дандоншӯӣ дорои руҳ ё қалъагӣ ва маҳлулҳои даҳоншӯии дорои цетилпиридиний (CPC) вирусеро, ки боиси бемории COVID-19 мегардад, 99,9% безарар мегардонанд.

Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе хамираҳои дандоншӯӣ ва маҳлулҳо барои шустани даҳон метавонанд дар пешгирии паҳншавии вируси SARS-CoV-2, ки барангезандаи COVID-19 (коронавирус) аст, бо роҳи муваққатан кам кардани миқдори вирус дар даҳон, кумак кунанд.  

Тибқи иттилои Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА, вирус тавассути қатраҳои нафаскашӣ ё заррачаҳои хурд паҳн мешавад, ки ҳангоми сулфа, атса задан, сурудан, гуфтугӯ ё нафаскашии шахси сироятёфта ба вуҷуд меоянд”, – гуфта мешавад дар маводи аслӣ.

Яъне ин маводҳо вирусҳоро танҳо дар ковокии даҳон безерар мегардонанд ва роҳи муолиҷа ё нест кардани пурраи вирус аз организми одам нест.

Хулоса

Санҷиши мо собит намуд, ки ҳам ютуб-канали “SAMIMONA TV” ва ҳам хабаргузории “Спутник Тоҷикистон” дар сарлавҳа ва матни маводашон ба дасткорӣ (манипулятсия) роҳ додаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.