Дар бозори марказии шаҳри Турсунзода сӯхтор ба амал омад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар бозори марказии шаҳри Турсунзода рӯзи 15 декабр сӯхтор ба амал омада, дар натиҷа чанде аз мағозаҳои маҳсулоти рӯзгор ба коми оташ рафтанд.

“Мутаассифона, қоидаҳои зиддисӯхтор  аз ҷониби ҳамаи соҳибкорон риоя намешаванд”, – хабар дод як манбаи мо.

Сабаби сар задани сӯхтор то ҳол мавриди таҳқиқ қарор дошта, лекин расиши кӯтоҳи ноқили барқ дар яке аз мағозаҳо ҳамчун фарзияи асосӣ баррасӣ мешавад.

Тавре савдогарон хабар доданд, “дар бозор тез-тез интиқоли барқ қатъ гардида, боз ногаҳон бе огоҳӣ барқарор мешавад”.

“Бисёр вақт бидуни ягон огоҳӣ интиқоли он ногаҳон барқарор мешавад, – мегӯяд яке аз савдогарон. – Дар бозори мо натанҳо интиқоли барқ, балки об ҳам қатъ мешавад. Ягон шароити мусоид нест”.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, бо сабаби бетартибӣ дар рафҳои савдо, ки дар назди мағозаҳо ҷойгиранд, инчунин мавҷуд набудани об, оташнишонон дар хомӯш кардани сӯхтор душворӣ кашидаанд.

Одамон низ хеле зиёд дар ин ҷо ҷамъ омадаву ба аксбардорӣ дар телефон машғул шудаанд, ки ин ҳолат низ ба кори оташнишинон монеъа эҷод кардааст.

Бар асари сӯхтор чанде аз айвони рафҳои савдо ва тақрибан 5 мағозаи фурӯши маҳсулоти рӯзгор осеб дидаанд.

Аз рӯйи ин далел тафтишот ҷараён доад.

Айни замон интиқоли барқ ба бозор қатъ гардида, устохонаҳо ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ кор намекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...