Дар бозори марказии шаҳри Турсунзода сӯхтор ба амал омад

Дар бозори марказии шаҳри Турсунзода рӯзи 15 декабр сӯхтор ба амал омада, дар натиҷа чанде аз мағозаҳои маҳсулоти рӯзгор ба коми оташ рафтанд. “Мутаассифона, қоидаҳои зиддисӯхтор  аз ҷониби ҳамаи соҳибкорон риоя намешаванд”, – хабар дод як манбаи мо. Сабаби сар задани сӯхтор то ҳол мавриди таҳқиқ қарор дошта, лекин расиши кӯтоҳи ноқили барқ дар яке […]

Дар бозори марказии шаҳри Турсунзода рӯзи 15 декабр сӯхтор ба амал омада, дар натиҷа чанде аз мағозаҳои маҳсулоти рӯзгор ба коми оташ рафтанд.

“Мутаассифона, қоидаҳои зиддисӯхтор  аз ҷониби ҳамаи соҳибкорон риоя намешаванд”, – хабар дод як манбаи мо.

Сабаби сар задани сӯхтор то ҳол мавриди таҳқиқ қарор дошта, лекин расиши кӯтоҳи ноқили барқ дар яке аз мағозаҳо ҳамчун фарзияи асосӣ баррасӣ мешавад.

Тавре савдогарон хабар доданд, “дар бозор тез-тез интиқоли барқ қатъ гардида, боз ногаҳон бе огоҳӣ барқарор мешавад”.

“Бисёр вақт бидуни ягон огоҳӣ интиқоли он ногаҳон барқарор мешавад, – мегӯяд яке аз савдогарон. – Дар бозори мо натанҳо интиқоли барқ, балки об ҳам қатъ мешавад. Ягон шароити мусоид нест”.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, бо сабаби бетартибӣ дар рафҳои савдо, ки дар назди мағозаҳо ҷойгиранд, инчунин мавҷуд набудани об, оташнишонон дар хомӯш кардани сӯхтор душворӣ кашидаанд.

Одамон низ хеле зиёд дар ин ҷо ҷамъ омадаву ба аксбардорӣ дар телефон машғул шудаанд, ки ин ҳолат низ ба кори оташнишинон монеъа эҷод кардааст.

Бар асари сӯхтор чанде аз айвони рафҳои савдо ва тақрибан 5 мағозаи фурӯши маҳсулоти рӯзгор осеб дидаанд.

Аз рӯйи ин далел тафтишот ҷараён доад.

Айни замон интиқоли барқ ба бозор қатъ гардида, устохонаҳо ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ кор намекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.