Оғози мурофиаи қотилони ду ҷавонзан дар Варзоб

Суди шаҳри Душанбе ба баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати ду нафар сокинони 28-солаи пойтахт – Дониёр Сафаров ва Саъдулло Раупов, ки ба қатли ду нафар ҷавонзан бо бераҳмии махсус гумонбар дониста мешаванд, оғоз кард. Тавре ба “Азия-Плюс” муовини раиси суди пойтахт Асомиддин Бобохонзода хабар дод, онҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104, қисми 2, бандҳои […]

Суди шаҳри Душанбе ба баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати ду нафар сокинони 28-солаи пойтахт – Дониёр Сафаров ва Саъдулло Раупов, ки ба қатли ду нафар ҷавонзан бо бераҳмии махсус гумонбар дониста мешаванд, оғоз кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” муовини раиси суди пойтахт Асомиддин Бобохонзода хабар дод, онҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104, қисми 2, бандҳои “в”, “з” ва “п”-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамкушӣ) айбдор карда шуда, ба онҳо ҷазо дар шакли 15-20 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи амвол ё ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукм нисбати Сафаров ва Раупов дар арафаи фарорасии Соли нав содир хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи сентябр кормандони милитсияи пойтахт ҷасадҳои ду ҷавонзани сокини Душанбе – Замирамоҳ Ҳайдарова ва Меҳрафрӯзи Холмирзоро аз теппаҳои болои деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб дарёфт намуданд, ки қаблан бедарак шуда буданд.

Замирамоҳ Ҳайдарови 31-соларо пайвандонаш аз моҳи январи соли 2018 ҷустуҷӯ дошта, Меҳрафрӯзи Холмирзои 18-сола аз моҳи апрели соли 2020 бедаракшуда дониста мешуд.

Ба гумони даст доштан дар қатли ҷавонзанон ду сокини Душанбе – Дониёр Сафаров ва Саъдулло Раупов боздошт шуданд.

Тибқи маълумоти ВКД, гумонбаршаванда Дониёр Сафаров бо Замирамоҳ Ҳайдарова муддати тулонӣ шиносоӣ ва робита дошта, дар заминаи нофаҳмӣ ва рашк пайваста ӯро мавриди лату кӯб қарор медодааст. Моҳи январи соли 2018 ӯ ҳамроҳи Саъдулло Раупов баъд аз мавриди лату кӯб қарор додани Замирамоҳ Ҳайдарова, ӯро дар бағоҷи автомашинаи худ ҷойгир ва бо мақсади амалӣ намудани нияти нопоку ҷиноятии худ ба теппаҳои деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб бурдаанд.

Сипас ҷавонзанро боз мавриди шиканҷаву озори ҷинсӣ қарор дода, бо як бераҳмии махсус, бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат мерасонанд ва ба хотири пинҳон намудани изи ҷинояташон, ҷасади ҷабрдидаро дар чуқурии тақрибан 50-метр зери хок пинҳон кардаанд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ Саъдулло Раупов ҳангоми ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудан дар деҳаи Харангон Меҳрафрӯзи Холмирзоро ҳамчун мусофир ба автомашинаи шахсии худ савор намуда, ба қаламрави ноҳияи Варзоб мебарад.

Ӯ ба Меҳрафрӯзи Холмирзо пешниҳоди алоқаи ҷинсӣ намуданро карда, баъди аз ҷониби ҷавондухтар шунидани ҷавоби рад ҷавонзанро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат мерасонад ва ӯро низ ба ҳамон чуқурии дар боло зикршуда зери хок пинҳон мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.