Тӯли 11 моҳ содирот аз Тоҷикистон беш аз 23% афзуд

Давоми моҳҳои январ-ноябри моҳи соли 2020 ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон зиёда аз 4,1 млрд долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,5% ё худ қариб 60 млн доллар зиёдтар мебошад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ. Ҳаҷми содирот дар зарфи 11 моҳи соли равон ба зиёда аз 1,3 […]

Давоми моҳҳои январ-ноябри моҳи соли 2020 ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон зиёда аз 4,1 млрд долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,5% ё худ қариб 60 млн доллар зиёдтар мебошад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Ҳаҷми содирот дар зарфи 11 моҳи соли равон ба зиёда аз 1,3 млрд доллар баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,4% ё худ 250 млн доллар бештар мебошад.

Дар сохтори содирот 52,2% ба фулузот (металлҳо)-у сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, 18,1% – ба маҳсулоти минералӣ (ашёи хом – сементу маъдан, консентрат, неруи барқ ва ғайра), ҳудуди 13% – ба фулузоти арзон (алюминий, мис ва масноти фулузотӣ) ва 12,9% – ба маснуоти нассоҷӣ рост меояд.

Ҳаҷми воридот тӯли 11 моҳ зиёда аз 2,8 млрд долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6,4% (190 млн доллар) камтар мебошад.

Дар сохтори воридот маҳсулоти минералӣ, маҳсулоти растанӣ, фулузоти арзон ва маснуот аз он, маҳсулоти саноати кимиёвӣ, мошину таҷҳизот, инчунин маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ бартарӣ доранд.

Сарфи назар аз афзоиши содироти молу маҳсулот ва коҳиши воридоти он дар ин давра, ҳаҷми содирот дар савдои хориҷии кишвар 2,2 баробар камтар нисбат ба ҳаҷми воридот буда, касри тавозуни савдо ҳудуди 1,5 млрд долларро ташкил медиҳад.

Аз оғози соли равон Тоҷикистон дар маҷмӯъ бо 108 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст.

Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия боқӣ монда, ҳаҷми савдои дуҷониба бо ин кишвар 883 млн долларро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар ин давра бо Қазоқистон ба маблағи 796 млн доллар, Швейтсария – 695 млн, Чин – 438 млн, Ӯзбекистон – 300 млн ва Туркия – 292 млн доллар савдои дуҷониба сурат гирифтааст.

Ҳаҷми савдои дуҷониба бо замоне яке аз шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ – Эрон дар ҳоли коҳишёбӣ қарор дошта, аз оғози соли равон ҳамагӣ каме бештар аз 48 млн долларро ташкил додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.