Панҷ медали биринҷии самбочиёни тоҷик дар Русия

Date:

Дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳони самбо дар Русия намояндагони Тоҷикистон ба гирифтани 5 медали биринҷӣ ноил гардиданд.

Бинобар иттилои Кумитаи милии олимпӣ,  аз Тоҷикистон 11 варзишгар  дар ин мусобиқа ширкат варзиданд, ки чор варзишгар ба дарёфти медали биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Гуфта мешавад, Алимуҳаммад Алиев дар самбои варзишӣ ва самбои размӣ, дар вазни -57 кг ду медали биринҷӣ ба даст овард. Деваштич Убайдӣ дар самбои варзишӣ (-74 кг) ҷои сеюмро соҳиб шуд. Ду медали дигари биринҷиро Муҳиддин Муҳиддинов дар вазни -68 кг ва Осмонбек Қуқаниев дар вазни +100 кг дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ сазовор гардиданд.

Ҳамзамон Беҳрӯз Неъматуллоев (52 кг), Ардашер Исмоилов (57 кг), Алимуҳаммад Алиев (57 кг), Сӯҳроб Исматов (68 кг), Деваштич Убайдӣ (74 кг), Аҳтам Ҳусейнов (+100 кг), Давлат Абдулзода (+100кг), Осмонбек Қуқаниев (+100 кг) оид ба самбои варзишӣ, Айём Хабиров (57 кг), Муҳиддин Муҳиддинов (68 кг), Рамазон Ҷумъаев (82 кг) ва Садр Боев (82 кг) ба рақобат дар самбои размӣ сафарбар гардида буданд.

Мусобиқаи мазкур рӯзҳои 18-19 декабр бо иштироки варзишгарони 15 давлат дар шаҳри Москваи Русия ба хотираи ёдбуди самбочии маъруф Харлампиев баргузор шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...