Беморхонаи вилоятии Суғд ҳам ба кори муқаррарӣ баргашт

Афзал Босолиев, Asia-Plus

Беморхонаи марказии вилояти Суғд пас аз 8 моҳи таваққуф ба кори муқаррарии худ баргашт, хабар дод ба "Азия-Плюс" як манбаъ аз ин беморхона. Ин бемористон охири моҳи апрел  ба муассисисаи пизишкиии махсус барои муолиҷаи маризони гирифтори илтиҳоби шуш ё пневмония табдил дода шуда буд. 

 “Рӯзи гузашта як қисми беморхона, ки қисми “В” гуфта мешавад, ба фаъолияти муқаррарии худ баргашт. Ҳоло  11 бемор  дар ин ҷо бистарӣ гардида, беморони дигар  ҳам пазируфта мешаванд”, – гуфт манбаъ.

Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд яке аз бузургтарин табобатгоҳҳо  дар кишвар  ҳисоб мешавад, ки  аз 26 шуъба иборат аст ва наздик ба 800 нафар корманд дар бахши пизишкӣ дорад. 

Масъулин мегӯянд, давоми 20 рӯз корҳои зиддиуфунӣ кардани асбобу лавозимот ва утоқҳои  беморхона давом карда, пас аз хулосаи мусбати мақомоти зидахл  кори рӯзмараи қисмати  “В”   иҷоза дода шудааст.  Ҳоло ба 10 шуъбаи беморхона  рухсат  дода шудааст, ки мисли пештара ба муолиҷаи маризон  машғул шаванд.

Ҳафтаи гузашта сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода  ба “Азия-плюс” гуфта буд, ба ғайр аз Беморхонаҳои сироятии шаҳру ноҳияҳо, дигар муассисаҳои тандурустӣ  ба фаъолияти муқаррарии худ баргашта истодаанд.

Сардори  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Абдумавлон Абдуллозода низ ҳафтаи гузашта  гуфта буд, ки  барои ба кори муқаррарӣ  оғоз намудани  қисмати  “В”-и Беморхонаи вилоятӣ ба мо мактуб омада буд." Мо пас аз омӯзиш иҷоза додем", – иброз дошт ӯ.

Сарфи назар аз коҳиш ёфтани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, масъулони соҳа аз мардум даъват мекунанд, ки ҳангоми гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ  аз ниқобҳои тиббӣ истифода карда, фосилаи иҷтимоиро ҳатман риоя кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...