Дар шимоли Қазоқистон ду тоҷикро қариб хунук зада буд

Asia-Plus

Дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ наҷотбахшон ба сокинони Тоҷикистон, ки мошинашон шаби сарди зимистон дар роҳ вайрон шуд, ёрӣ расониданд, хабар медиҳад МИА «Казинформ».

Гуфта мешавад, онҳо дар мошини боркаш (минивэн) ба Тюмен мева мебурдаанд ва мошинашон дар сардии 20 дараҷа дар роҳ вайрон мешавад ва гузашта аз ин, сарулибоси начандон мувофиқ ба ин гуна обуҳаворо доштаанд.

“Онҳо мошинро бо сӯзишвории дизелии барои фасли тобистон пешбинишуда пур карда, низоми таъмин бо сӯзишвории мошинро бо воситаҳои худсохт гарм карданӣ шудаанд, ки ба вайроншавии ноқили интиқоли сӯзишворӣ боис гардидааст”, – иттилоъ медиҳад хабаргузорӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар қисми оташнишонии Пресновка мошини онҳо таъмир ва бо сӯзишвории дизелии барои фасли зимистон пешбинишуда пур карда шудааст ва меҳмононро бо хӯроки шом ва чойи гарм зиёфат кардаанд.

“Аз кормандонатон барои кумак миннатпазирем. Чандин сол инҷониб бо ин роҳ равуо мекунем ва бори аввал ба чунин ҳолат дучор шудем. Хеле кумак карданд. Аз самими қалб миннатдорем”, – гуфтааст Умедҷон Мадалиев, яке аз тоҷикони дар роҳ дармонда.

https://www.youtube.com/watch?v=ctGP-En9Bs0

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...