СММ боз як қатъномаи Тоҷикистонро дар мавриди об пазируфт

Asia-Plus

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлоси 75-уми худ лоиҳаи қатъномаеро пазируфт, ки Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд ин тарҳ аз сӯйи Тоҷикистону Нидерланд пешниҳод шудааст.

Ин қатънома бо номи “Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028”, ки аз сӯи Тоҷикистону Нидерланд бо ҳаммуаллифии аксарияти мутлақи кишварҳои узви СММ – 190 кишвар пешниҳод шудааст.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ки санади мазкур, ки ба қатъномаҳои қаблии Маҷмаи Умумии СММ роҷеъ ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” такя менамояд, таъкид мекунад, ки захираҳои обӣ барои рушди устувор ва аз байн бурдани фақру гуруснагӣ аҳаммияти ҳаётӣ доранд. "Қатънома ҳамчунин бо нигаронӣ зикр менамояд, ки тағйирёбии иқлим аз омилҳое мебошад, ки метавонад ба шиддати норасоии об дар саросари ҷаҳон боис шавад ва дар ин росто зарурати таҳияи роҳбурдҳои созгорӣ ба тағйирёбии иқлимро барои ҳалли мушкилоти марбут ба об таъкид мекунад".

Аз назари Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар шароити ҳамагирии бемории коронавирус (COVID-19) қатънома аҳаммияти истисноии оби ошомидании бехатар ва васоили беҳдоштию гигиениро барои талошҳои ҷаҳонӣ дар таҳким ва таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба хидматрасониҳои тандурустӣ эътироф мекунад.

Дар бахши амалиётии қатънома қарор дар бораи аз 22 то 24 марти 2023 дар Ню-Йорк баргузор кардани Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири рафти татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (Конфронси СММ-2023) таъйид гардида, пешниҳоди ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Нидерланд бобати мизбонии муштараки ин конфронс мавриди истиқбол қарор гирифтааст.

Ҳамчунин ба гуфти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳамзамон қатънома аз пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мизбонии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар соли 2022 дар Душанбе ба манзури омодагии муассир ба бознигарии миёнамуддати фарогири Даҳсола, ки метавонад ба раванди тадорукот ба Конфронси СММ-2023 низ саҳм гузорад, истиқбол мекунад.

Ниҳоди сиёсати берунии Тоҷикистон бар ин аст, ки "бешак, қабули қатъномаи мазкури Маҷмаи Умумии СММ гувоҳи эътирофи аҳаммияти ҷаҳонии ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ аст".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...