Боздошти як афсари неруҳои марзбонӣ бо гумони қочоқи 146 кг маводи мухаддир

Як афсари неруҳои марзбонии Тоҷикистон бо миқдори калони маводи нашъовар боздошт шудааст. Бино ба фарзияи тафтишот, ӯ бо қочоқбарони афғон ҳамкорӣ доштааст. Дар қаламрави ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 18-уми декабр бо гумони даст доштан дар қочоқи ҳаҷми калони маводи мухаддири аз Афғонистон интиқолшуда лейтенанти калони 25-солаи неруҳои марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шудааст.  Кормандони Раёсати кофтукови […]

Як афсари неруҳои марзбонии Тоҷикистон бо миқдори калони маводи нашъовар боздошт шудааст. Бино ба фарзияи тафтишот, ӯ бо қочоқбарони афғон ҳамкорӣ доштааст.

Дар қаламрави ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 18-уми декабр бо гумони даст доштан дар қочоқи ҳаҷми калони маводи мухаддири аз Афғонистон интиқолшуда лейтенанти калони 25-солаи неруҳои марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шудааст. 

Кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистон ҳангоми кофтукови мошини ӯ 146 кг маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира кардаанд, иттилоъ дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД.

Ба гуфтаи манбаъ, афсаре, ки дар отряди ноҳияи ҳаммарзи Дарвози ВМКБ бо Афғонистон хидмат мекардааст, қасд дошт 101 кг афюн ва 45 кг ҳашишро ба пойтахт интиқол диҳад.

Тафтишот тахмин кардааст, ки афсари боздоштшуда дар ҳамоҳангӣ бо қоччоқбарони афғон барои расонидани мухаддирот ба навоҳии марказии Тоҷикистон тавофуқи ҷиноӣ кардааст.

Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот талош дорад ҳамроҳони дигари ин қочоқбарро ошкор кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.