Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маоши кормандонашро 10% боло бурд

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бар пайи боло рафтани нархи маҳсулоти хӯрокӣ дар бозор маоши омӯзгоронро 10% боло бурд. ДДХ яке аз мактабҳои олии калонтарини шимоли Тоҷикистон аст, ки 800 устод ва беш аз 20 ҳазор донишҷӯ дорад.

Фаридун Ҳодибоев, сардори маркази иттилоот ва таҳлили ин донишгоҳ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки аз 1-уми январи соли 2021 маоши кормандони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров аз ҳисоби суратҳисоби вижаи донишгоҳ 10% зиёд мешавад. Ин тасмимро Шӯрои олимони донишгоҳ зимни ҷаласаи навбатӣ гирифтааст. Ин масъули донишгоҳ мегӯяд, ки баробари ҳамагирии коронавирус нархи молу маҳсулот дар бозор боло рафт, ки ин ба вазъи иқтисоди мардум, ба вижа ҷомеаи омӯзгорон бетаъсир намонд.

“Сабаби боло бурдани маоши кормандони донишгоҳ ба ҳамагирии коронависус алоқаманд аст, ки дар натиҷа нархи маҳсулот дар бозор боло рафта, ба вазъи иқтисодии аҳолӣ, бахусус омӯзгорон таъсир расонид. Ҳадаф низ аз иқдоми мазкур баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии кормандони донишгоҳ ва бо ин васила, таъмини зиндагии шоистаи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ аст. Ин иқдомро Вазорати маориф ва илм ва ҳамчунин роҳбари вилояти Суғд дастгирӣ қарданд”

 

Ҳоло бино ба иттилои расмӣ, устодони ин донишгоҳ вобаста ба дараҷаи илмиву мақоми омӯзгорияшон аз 1500 то 4200 сомонӣ маош мегиранд. 

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд яке аз панҷ донишгоҳу донишкадаи олӣ дар вилояти Суғд аст, ки асосан кормандонаш аз буҷа маблағгузорӣ мешавад. Аммо донишгоҳу донишкадаҳои дигари вилоят, умдатан худмаблағгузоранд, ки донишҷӯён дар онҳо бо пардохти ҳаққи таҳсил мехонанд. 

Бархе аз донишгоҳу донишкадаҳои дигар дар вилояти Суғд низ дар баробари ДДХ тасмим гирифтаанд, ки маоши кормандонашонро боло баранд. 

Як манбаъ аз Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар Хуҷанд низ дар сӯҳбат бо “Азия Плюс” гуфт, ки директори ин Донишгоҳ низ дар маҷлисе масъалаи то 10% боло бурдани маоши кормандони ин донишгоҳро аз соли нав матраҳ кардааст. 

Бархе мактабҳои олии дигар дар вилоят ба боло бурдани маоши кормандони буҷавӣ дар моҳи сентябр иктифоъ кардаанд. 

Аз Донишкадаи кӯҳии металургии Тоҷикистон гуфтанд, ки онҳо ҳанӯз моҳи сентябри имсол ба ҷуз аз фармони раисҷумҳур, ки дар асоси он 15% маоши кормандони соҳаи маориф аз ҳисоби буҷа боло рафт, ҳамчунин аз суратҳисоби худи донишкада мутаносибан аз 15 то 40% маоши кормандони донишкадаро боло бурдаанд. Як манбаъ аз ин донишкада гуфт, ки ин ба вазъияти молиявию иқтисодии худи донишгоҳҳо вобаста аст, ки метавонад аз суратҳисоби махсус маоши кормандонашонро боло бибаранд ё не.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...