Гази Ӯзбекистон дубора баъди 10 сол ба Суғд омад

Баъди даҳ соли танаффус, интиқоли гази табии Ӯзбекистон дубора ба вилояти Суғд аз сар гирифта шуд. Имрӯз дар як маросими хос лӯлаи интиқоли гази табиӣ фаъол карда шуд. Гуфта мешавад дар қадами аввал ин газ барои мардум ва корхонаҳои саноатӣ дода мешавад. Воридкунандаи гази табиии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд ширкати "Тоҷикгаз" гуфта мешавад.  Дар аввали моҳи […]

Баъди даҳ соли танаффус, интиқоли гази табии Ӯзбекистон дубора ба вилояти Суғд аз сар гирифта шуд. Имрӯз дар як маросими хос лӯлаи интиқоли гази табиӣ фаъол карда шуд. Гуфта мешавад дар қадами аввал ин газ барои мардум ва корхонаҳои саноатӣ дода мешавад.

Воридкунандаи гази табиии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд ширкати "Тоҷикгаз" гуфта мешавад. 

Дар аввали моҳи октябри имсол Абдулҳаким Сӯфиев директори "Суғдиёнгаз" ба “Аsia-Plus” гуфта буд, ки эҳтимол  дорад як метри мукааб гази табиии Ӯзбекистон то 2 сомонӣ арзиш дошта бошад. 

Суфиев пештар гуфта буд, ки дар асоси созишнома ҷониби Ӯзбекистон омода аст, ки  1000 куб гази табииро бо арзиши 130 доллари ИМА ба Тоҷикистон бифурӯшад, ки бамаротиб дастрасу арзон аст. Даҳ сол қабл арзиши 1000 куб гази Ӯзбекистон то ба 340-360 доллари ИМА баробар буд.

Абдулҳаким Сӯфиев директори “Суғдиёнгаз” рӯзи 23-юми декабр ба “Азия-Плюс” гуфт, ки онҳо давоми панҷ моҳ дар шаҳри Хуҷанд беш аз 60 километр лӯлаҳои газро таъмир карданд. Вай афзуд дар марҳилаи аввал гази табиӣ ба корхонаҳои саноатӣ дода мешавад.

“Дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 150 корхонаҳои саноатӣ аст, ки аксари онҳо бо барқу ангишт кор мекунанд. Қариб 50% онҳо омода ҳастанд, ки корашонро бо гази табиӣ пеш баранд. Ин аз ҷиҳати иқтисодӣ хело кӯмаки хуб ба ин корхонаҳо мешавад ва аз ҷиҳати экологӣ низ тоза аст. Яъне барқ сарфа мешавад барои ҳамин мо аввал корхонаҳои саноатиро таъмин мекунем. Фарқро агар бигирем, барои корхонаҳои саноатӣ гази табиӣ нисбати барқ тақрибан 75% арзонтар аст. Нисбат ба ангишт ва дигар намуди сӯзишворӣ тахмин 45 то 55% арзон ва муфид аст”.

Манбаъ афзуд ҳоло корхонаҳо бисёр ҳавасманд ҳастанд ва муроҷиат карда истодаанд ва мунтазири ҳамин рӯз буданд. Аммо бино ба гуфти Абдулҳаким Сӯфиев ҳоло корхонаҳо ба пуррагӣ барои қабули гази табиӣ омода нест ва талош доранд баъди боз шудани марзи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои овардани  дастгоҳҳое, ки бояд ба корхонаҳои саноатӣ пайваст кунанд ба Тошканд бираванд.

Мудири шӯъбаи нақлиёт ва иртибототи вилояти Суғд Олим Очилзода мегӯяд, баъди қатъи гази табиӣ Ӯзбекистон хатҳои технологӣ, дегхонаҳо ва аксари иншоотҳои корхонаҳои саноатӣ ба истифодаи ангишт мутобиқ кунонида шудаанд. Ӯ гуфт тибқи ҳисоби пешакӣ талаботи корхонаҳои саноатӣ ба гази табиӣ дар як моҳ 2,4 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди вилояти Суғд беш аз 850 километр лӯлаҳои гази гуногунҳаҷм мавҷуд аст ва ҳоло беш аз 60 километри чунин қубурҳои фарсуда, асосан дар ҳудуди Хуҷанд таъмиру ба истифода дода шудааст. Дар назар аст гази табиӣ  ба шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва Истиқлол дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.