Бунёди роҳи канори бозори «Корвон» ба далели сардии ҳаво қатъ шуд

Date:

Бунёди роҳи канори бозори Корвон муваққатан мавқуф гузошта шудааст. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки корҳои таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди канори бозори “Корвон”, ки аз сӯйи ширкати “Роҳсоз-7” бояд дар давоми 180 рӯз ба анҷом мерасид, ба далели сардии ҳаво ва боришоти ахир мавқуф гузошта шуд.

Аз Вазорати нақлиёт ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки дар мавриди маблағгузории лоиҳаи мазкур ва қувваи корӣ дар ин сохтмон мушкилие вуҷуд надорад.

"Кор дар ин роҳ аз вазъи обу ҳаво вобастагӣ дорад. Айни ҳол корҳои асфалтхобонии қабати дуюм ва рангуборкунӣ бояд анҷом дода шаванд. Вале бо сабаби сардии ҳаво ва боришот ин корҳо мавқуф гузошта шудаанд. Бо каме муътадил гардидани обу ҳаво кор аз нав ҷараён гирифта, дар муҳлати кутоҳ анҷом дода хоҳад шуд",-мегӯянд аз вазорат.

Ин роҳ бо маблағгухории  Бонки осиёии рушд (БОР) бо қарордоди 2,86 млн доллар сохта ва анҷоми корҳои таъмиру навсозии роҳ дар зарфи 180 рӯз пешбинӣ шуда буд. Аммо то ҳол ин роҳ ба истифода дода нашудааст. Сохтумони ин роҳ аз охирҳои моҳи июл сар шуда буд.

Таъмири 1,85 км масофаи роҳ дар доираи лоиҳаи таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар сурат мегирад, ки аз ҷониби БОР ва инчунин ҳаммаблағгузор – Фонди ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) оид ба рушди байнулмилалӣ сармоягузорӣ мешавад.

Моҳи ноябри соли 2016 БОР марҳилаи аввал ва моҳи марти соли 2018 марҳилаи дуюми лоиҳаи таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтарро тасдиқ кард. Ҳаҷми умумии маблағгузории БОР ба ин лоиҳа 157 млн доллар бо шумули 108 млн доллар ба сифати грантро ташкил медиҳад.

Фонди ОПЕК 12 млн доллар қарз ҷудо кард. Дар назар аст, ки корҳои таъмиру навсозии роҳи Душанбе – Бохтар моҳи октябри соли 2021 ба анҷом расад.

Корҳои таъмиру навсозии роҳ аз бозори “Корвон” то дарвозаҳои ҷанубии пойтахт аз 10-уми июн оғоз шуданд. Мусофиркашҳои хурд (маршрутка) дигар то бозор намераванд. Сокинон ва меҳмонони пойтахт танҳо пиёда роҳ рафта, то бозор мерасанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...