БМТ: Ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон қариб барқарор шуд.

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи барқарор шудани ҳаҷми интиқоли маблағ ба ҷумҳурӣ дар охири соли равон хабар медиҳад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз БМТ хабар доданд, ба ҳолати то 20 декабр ҳаҷми коҳиши интиқоли пул дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 7%-ро ташкил додааст. Зикр шуд, ки ҷараёни коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағ ба ҷумҳурӣ […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи барқарор шудани ҳаҷми интиқоли маблағ ба ҷумҳурӣ дар охири соли равон хабар медиҳад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз БМТ хабар доданд, ба ҳолати то 20 декабр ҳаҷми коҳиши интиқоли пул дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 7%-ро ташкил додааст.

Зикр шуд, ки ҷараёни коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағ ба ҷумҳурӣ моҳи март оғоз гардид, ки мустақиман ба пандемияи коронавирус вобаста аст.

Дар Бонки миллӣ шарҳ доданд, ки пандемия ба карантин, баста шудани сарҳадҳо, поинравии нархи нафт ва қурби асъори шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон – Русия, Қазоқистон, Туркия ва Ӯзбекистон боис гардид.

Бино ба маълумоти БМТ, аз рӯйи натиҷаҳои нимсолаи аввали ҳамин сол ҳаҷми коҳиши интиқоли пул ба Тоҷикистон ба 14,8% расид.

Мисли пешин дар Бонки миллӣ дар бораи ҳаҷми саҳеҳи маблағи интиқолёфта маълумот надоданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".