Ҷаримаи муовини сардори ситоди яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа барои мастӣ

Муовини сардори ситоди яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон воқеъ дар қаламрави шаҳри Исфара майор Беҳзод Раҳимзодаи 33-сола мутобиқи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Идора намудани воситаҳои нақлиёт аз тарафи ронандагон дар ҳолати мастӣ) гунаҳкор эътироф гардид. Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд бар асоси маводи видеоӣ ва натиҷаҳои ташхиси тиббӣ майорро айбдор дониста, ӯро […]

Муовини сардори ситоди яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон воқеъ дар қаламрави шаҳри Исфара майор Беҳзод Раҳимзодаи 33-сола мутобиқи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Идора намудани воситаҳои нақлиёт аз тарафи ронандагон дар ҳолати мастӣ) гунаҳкор эътироф гардид.

Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд бар асоси маводи видеоӣ ва натиҷаҳои ташхиси тиббӣ майорро айбдор дониста, ӯро ба маблағи 17,4 ҳазор сомонӣ ҷарима баст ва ба муҳлати 5 сол аз шаҳодатномаи ронандагӣ маҳрум кард.

Рӯзи 18 ноябри соли ҷорӣ Раҳимзода ҳангоми рондани автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар кӯчаи Ҷомии шаҳри Исфара боздошта мешавад.

Ташхиси бо талаби кормандони БДА гузаронида тасдиқ мекунад, ки ӯ дар ҳолати сархушии сабук автомашинаро идора мекардааст, хабар дод ба "Азия-Плюс” як манбаъ аз суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд.

Дар мурофиаи судӣ Раҳимзода гуноҳи худро эътироф накарда, изҳор доштааст, ки рӯзи боздошт натиҷаи ташхисро дар ҳолати бехудӣ (аффект) ва асабоният аз бозпурсиҳо имзо кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".