Худоёрзода баъди кордзанӣ муовини раиси IRS шуд

Худоёр Худоёрзода, вазири пешини нақлиёти Тоҷикистон, ки тобистони имсол ба гуфтаи мақомот қасди худкушӣ карда буду худро корд зад, муовини директори ширкати IRS дар умури нигаҳдории роҳ шудааст. Бино ба иттилои дафтари матуботии ширкати мазкур, фармони Худоёр Худоёрзода рӯзи 22 октябри соли 2020 дар ин мақом тасвиб шудаааст Бояд гуфт, ки субҳи рӯзи 11 август Додситонии кулли Тоҷикистон хабар […]

Худоёр Худоёрзода, вазири пешини нақлиёти Тоҷикистон, ки тобистони имсол ба гуфтаи мақомот қасди худкушӣ карда буду худро корд зад, муовини директори ширкати IRS дар умури нигаҳдории роҳ шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матуботии ширкати мазкур, фармони Худоёр Худоёрзода рӯзи 22 октябри соли 2020 дар ин мақом тасвиб шудаааст

Бояд гуфт, ки субҳи рӯзи 11 август Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дода буд, ки вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзодаи 62-сола дар заминаи муноқишаи оилавӣ қасди худкушӣ карда буд. Баъдан бар пайи ин ҳодиса  ӯ аз мақомаш барканор гардид, вале далели барканорияш "бо сабаби ба нафақа баромадан" гуфта шуд.

Бино ба иттилои Додситонии кулл, он замон ӯ дар хонаи истиқоматии худ воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови шаҳри Душанбе бо истифода аз корди хоҷагӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани хеш даст ба худкушӣ зада буд. Тибқи ҳамин иттилоия, ҳамсару пайвандонаш аз ҳодиса хабардор шуда буданду ӯро наҷот доданд ва чанд рӯзе ҳам дар бемористони Истиқлол бистарӣ шуда буд.

Қобили зикр аст, ки Худоёр Худоёрзода аз соли 2017 то 2020 ба ҳайси вазири нақлиёти Тоҷикистон фаъолият дошт.  Худоёр Худоёрзод соли 1958 дар ноияи Рӯшони ВМКБ таваллуд шудааст. Дар гузашта вакили Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ ва узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2013 то 2017 ба ҳайси раиси ноҳияи Рӯшони ВМКБ низ фаъолият кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".