Бунёди роҳи канори бозори «Корвон» ба далели сардии ҳаво қатъ шуд

Бунёди роҳи канори бозори Корвон муваққатан мавқуф гузошта шудааст. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки корҳои таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди канори бозори “Корвон”, ки аз сӯйи ширкати “Роҳсоз-7” бояд дар давоми 180 рӯз ба анҷом мерасид, ба далели сардии ҳаво ва боришоти ахир мавқуф гузошта шуд. Аз Вазорати нақлиёт ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки дар мавриди маблағгузории лоиҳаи мазкур ва қувваи корӣ дар […]

Мавзуна Абудллоева, Asia-Plus

Бунёди роҳи канори бозори Корвон муваққатан мавқуф гузошта шудааст. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки корҳои таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди канори бозори “Корвон”, ки аз сӯйи ширкати “Роҳсоз-7” бояд дар давоми 180 рӯз ба анҷом мерасид, ба далели сардии ҳаво ва боришоти ахир мавқуф гузошта шуд.

Аз Вазорати нақлиёт ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки дар мавриди маблағгузории лоиҳаи мазкур ва қувваи корӣ дар ин сохтмон мушкилие вуҷуд надорад.

"Кор дар ин роҳ аз вазъи обу ҳаво вобастагӣ дорад. Айни ҳол корҳои асфалтхобонии қабати дуюм ва рангуборкунӣ бояд анҷом дода шаванд. Вале бо сабаби сардии ҳаво ва боришот ин корҳо мавқуф гузошта шудаанд. Бо каме муътадил гардидани обу ҳаво кор аз нав ҷараён гирифта, дар муҳлати кутоҳ анҷом дода хоҳад шуд",-мегӯянд аз вазорат.

Ин роҳ бо маблағгухории  Бонки осиёии рушд (БОР) бо қарордоди 2,86 млн доллар сохта ва анҷоми корҳои таъмиру навсозии роҳ дар зарфи 180 рӯз пешбинӣ шуда буд. Аммо то ҳол ин роҳ ба истифода дода нашудааст. Сохтумони ин роҳ аз охирҳои моҳи июл сар шуда буд.

Таъмири 1,85 км масофаи роҳ дар доираи лоиҳаи таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар сурат мегирад, ки аз ҷониби БОР ва инчунин ҳаммаблағгузор – Фонди ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) оид ба рушди байнулмилалӣ сармоягузорӣ мешавад.

Моҳи ноябри соли 2016 БОР марҳилаи аввал ва моҳи марти соли 2018 марҳилаи дуюми лоиҳаи таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтарро тасдиқ кард. Ҳаҷми умумии маблағгузории БОР ба ин лоиҳа 157 млн доллар бо шумули 108 млн доллар ба сифати грантро ташкил медиҳад.

Фонди ОПЕК 12 млн доллар қарз ҷудо кард. Дар назар аст, ки корҳои таъмиру навсозии роҳи Душанбе – Бохтар моҳи октябри соли 2021 ба анҷом расад.

Корҳои таъмиру навсозии роҳ аз бозори “Корвон” то дарвозаҳои ҷанубии пойтахт аз 10-уми июн оғоз шуданд. Мусофиркашҳои хурд (маршрутка) дигар то бозор намераванд. Сокинон ва меҳмонони пойтахт танҳо пиёда роҳ рафта, то бозор мерасанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.