Ҷӯрабек Муродов: “Коронавирус ҳамаи нақшаҳоямро барбод дод”

Овозхони саршиноси тоҷик, Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҷӯрабек Муродов рӯзи 24 декабр зодрӯзашро ҷашн гирифт. Субҳи зодрӯзаш дар мусоҳиба ба хабарнигори “Азия-Плюс” ӯ изҳор дошт, ки шаб соати се ба хоб рафтааст, зеро аз ИМА, Исроиял, Туркия, Ҳиндустон, Ҷопон, инчунин аз ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дигар […]

Asia-Plus

Овозхони саршиноси тоҷик, Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҷӯрабек Муродов рӯзи 24 декабр зодрӯзашро ҷашн гирифт.

Субҳи зодрӯзаш дар мусоҳиба ба хабарнигори “Азия-Плюс” ӯ изҳор дошт, ки шаб соати се ба хоб рафтааст, зеро аз ИМА, Исроиял, Туркия, Ҳиндустон, Ҷопон, инчунин аз ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо ба унвонаш занг задаанду паёмҳои табрикотӣ фиристодаанд.

– Зодрӯзамро дар хона дар ҳалқаи ҳамсару фарзандон ва набераҳо ҷашн мегирам, – иброз дошт ӯ. – Беҳтарин туҳфа имсол барои ман ба дунё омадани духтари Ҷонибек – Зулайхо аст. Албатта, мехостам, ки дар ин рӯз бо дӯстонам вохӯрам, лекин вирус ин нақшаҳоро барбод дод. Мехоҳам, ки худам ҳам солим бошаму дӯстонам низ. Умедворам, ки соли оянда ҳамааш хуб мешавад ва бо дӯстонамон вомехӯрем.

Дар бораи нақшаҳо

Ба гуфтаи ӯ, онҳо имсол дар нақша доштаанд, ки шурӯъ аз моҳи май дар Самарқанду Бухоро, Тошканд ва водии Фарғона консертҳои пуршукӯҳ ва сипас дар Душанбе консерти ҳисоботӣ барпо кунанд, лекин коронавирус ҳамаи ин нақшаҳоро барбод додааст.

– Медонед, замони сардии муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон пахшу намоиши сурудҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Ӯзбекистон камтар шуд. То ин дам ман тез-тез бо барномаҳои консертӣ ба Ӯзбекистон сафар мекардам ва мехоҳам, ки оянда ин корамро барқарор кунам.

“Бо маҳалчигиамон ба чизе намерасем”

Устод ба масъалаи маҳалгароӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон низ ишора карда, изҳор дошт, ки соли 2020 он ба нуқтаи авҷи худ расидааст.

– Бо маҳалчигиамон ба чизе намерасем. Ин падида на ба рӯзноманигорону шоирон, сарояндагону мусиқачиён, балки ба бархе аз шахсон дар ҳукумат хос аст, ки ба хотири ҳокимият доштан ин корро мекунанд, – қайд кард ӯ. – Замони мо саволҳои “ту аз куҷоӣ” вуҷуд надошт. Ҳамаи дӯстони ман аз Кӯлобу Бадахшон, Ҳисору Зарафшон, Самарқанд ва дигар шаҳрҳо буданд. Дар филармония 400 нафар кор мекардем ва намедонистем, ки кӣ аз куҷост. Маҳалгароӣ замони ҷанги шаҳрвандӣ пайдо шуда, то имрӯз боқӣ мондааст. Имрӯз мебинам, ки боз ҷавонон гирдиҳам меоянд ва умедворам, ки маҳалчигӣ тадриҷан аз байн меравад.

Дар вохӯрӣ бо донишҷӯёни Донишкадаи санъат чунин гуфта будам:

“Бародарон, оянда сароянда мешавед. Сарояндаи миллӣ шавед, на маҳаллӣ. Фикр накунед, ки тоҷикон танҳо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар Покистону Эрон, Ҳиндустону Афғонистон ва дигар кишварҳо низ ҳузур доранд”.

Дар фарҷоми суҳбат ӯ ба ҳамаи тоҷикистониён сулҳу оромӣ орзу намуда, изҳори умедворӣ кард, ки соли 2021 дар барномаи пуршукӯҳи консертиаш дида ба дидор мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.