Ковидиот, карантин, зумбомбинг: коронавирус чӣ неологизмҳоро бо худ овард?

Эпидемияи коронавирус бо худ вожаву калимаҳои навро овард, ки як сол қабл онҳо бемаънӣ ба назар мерасиданд. Ковидиот, карантин, зумбомбинг ва маънии дигар калимаҳо дар маводи имрӯзаи мо. Думскроллинг чист? Термини думскроллинг аз забони англисӣ (doomscrolling) гирифта шудааст: аз калимаҳои "ҳалокат" (doom) ва "варақгардон" (scrolling). Рӯзномаи “Лос Анҷелес Таймс” думскроллингро "хониши дарозмуддати хабарҳои манфӣ" тавсиф […]

"Се нуқта"

Эпидемияи коронавирус бо худ вожаву калимаҳои навро овард, ки як сол қабл онҳо бемаънӣ ба назар мерасиданд. Ковидиот, карантин, зумбомбинг ва маънии дигар калимаҳо дар маводи имрӯзаи мо.

Думскроллинг чист?

Термини думскроллинг аз забони англисӣ (doomscrolling) гирифта шудааст: аз калимаҳои "ҳалокат" (doom) ва "варақгардон" (scrolling). Рӯзномаи “Лос Анҷелес Таймс” думскроллингро "хониши дарозмуддати хабарҳои манфӣ" тавсиф кардааст. Ин неологизм аллакай аз ҷониби корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона мавриди истифода қарор дорад. Масалан, хабарнигори Quartz Карен Хо дар Twitter давра ба давра хотиррасон мекунад, ки аз думскроллинг танаффус карда ба хоб равад.

Зумбомбинг

Думскроллинг ягона калимаи наве нест, ки пандемияи коронавирус бо худ овард. Бо сабаби зарурати кор аз хона, барномаи Zoom маъруфият пайдо кард, ки он барои гузаронидани мулоқотҳо, маҷлисҳо ва суҳбатҳо кумак намуд.

Ин талабот ба Zoom шумораи зиёди бадхоҳонро ҷалб кард, ки дидаю дониста ба конфронсҳои одамони дигар пайваст шуда дар эфир маводҳои номуносиб, аз ҷумла наворҳои дорои зӯроварӣ ё порнографияро нишон медиҳанд.

Ин намуди тамасхур "зумбомбинг" номида шуд. Он аз калимаи англисӣ гирифта шудааст, ки номи ширкатро ифода мекунад. Бояд қайд кард, ки “зумбомбинг” дар дигар замимаҳои занги видеоӣ низ метавонад рух диҳад.

Карантинӣ

Дар баробари гӯшанишинӣ ва муоширати видеоӣ, дар ҳаёти ҳаррӯзаи одамон шабнишинии онлайнӣ пайдо шуд. Дар ҳар як иштирокчӣ ғизои худро омода мекунад ва сипас ба сӯҳбати дӯстони худ, ки ин амалро такрор мекарданд, пайваст мешавад. Нӯшокии спиртие, ки дар вақти чунин зиёфат истеъмол мешавад, "карантини" номида мешавад. "Карантини" ин ибораест байни мартини ва карантин. Тибқи маълумоти Urban Dictionary, карантиниро сенариянависони силсилафилми "Клиника" эҷод кардаанд, аммо он танҳо соли 2020 миёни мардум маъруф гашт.

Ковидиот

Инчунин номи дигари коронавирус COVID-19 боиси пайдоиши якчанд неологизмҳои ҳамрешаи худ гашт.

Яке аз онҳо "ковидиот" аст (анг. "Covidiot"). Ин мафҳум ба шахсоне ишора мекунад, ки хавфи коронавирусро нодида гирифта талаботи ҷорӣ ва фосилаи иҷтимоиро риоя намекунанд.

Covidivorce

Барои онҳое, ки ҳангоми пандемия тасмим гирифтанд, ки аз ҳам ҷудо мешаванд, истилоҳи "ковидиворс" пайдо шуд (анг. Covidivorce). Ин ба шахсоне тааллуқ дорад, ки бо ҳамсафари ҳаётиашон дар фазои маҳдуд наметавонистанд бо ҳам бошанд.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ! таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ! дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонедБидон, чиро мебинӣ!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.