Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон борону барф меборад

Рӯзҳои 26-27 декабр дар ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ эҳтимолияти ба амал омадани боришоти шиддатнок (борон, барф) дар назар аст. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар ин рӯзҳо часпидани барфи тар дар шохи дарахтон ва ноқилҳои барқӣ аз эҳтимол дур набуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. “Рӯзи 26 декабр ҳарорати […]

Рӯзҳои 26-27 декабр дар ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ эҳтимолияти ба амал омадани боришоти шиддатнок (борон, барф) дар назар аст.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар ин рӯзҳо часпидани барфи тар дар шохи дарахтон ва ноқилҳои барқӣ аз эҳтимол дур набуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.

“Рӯзи 26 декабр ҳарорати рӯзонаи ҳаво 6-80 паст мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо вазиши шамол бо шиддатнокии то 12-17м/с пешгӯӣ шуда, дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ яхбандӣ дар назар аст”, – омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, давоми рӯзҳои 25-27 декабр дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд (километрҳои 48 то 79-ум), Хоруғ-Ҷолондӣ (Бидур-Вер) фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки вобаста ба чунин вазъи обуҳаво барои таъмини амнияти ронандагон дар роҳҳо ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, қитъаҳои гуногуни роҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Хоруғ аз ҷониби наҷотдиҳандагони  гурӯҳҳои вокуниши сареъи Кумита мунтазам назорат шуда, ин чораҳо ҳангоми хатари садамаҳои нақлиётӣ бар асари лағзиши тарма заруранд.

Кумита ба сокинони минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳистони кишвар хотиррасон мекунад, ки дар ин рӯзҳо чорвочаронӣ, ҷамъоварии ҳезум ва шикорро маҳдуд кунанд. Инчунин ба шаҳрвандоне, ки дар манотиқи рустоӣ ва кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, тавсия дода мешавад, ки ҳамеша   телефонҳои мобилии худро фаъол нигоҳ доранд, доруҳои дорухонаи шахсии худро нав кунанд,  системаҳои равшанидиҳандаи иловагӣ харанд.

Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, хусусан ҳангоми истифодаи роҳҳо ва ағбаҳо, аз ронандагони мошинҳои шишасиёҳ даъват мешавад, ки ҳаракатҳои шабонаро маҳдуд сохта,  ҳама қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд, то сабабгори садамаҳо дар роҳҳо нашаванд.

Ҳамчунин ба одамоне, ки аз бемориҳои дилу раг азият мекашанд, тавсия дода мешавад, ки эҳтиёт кунанд ва ҳамеша доруҳои заруриро бо худ дошта бошанд.

Зимнан зикр мешавад, ки дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода ё ягон ҳолати нохуш дар роҳҳо, шаҳрвандон метавонанд ба телефони навбатдори фаврии КҲФ ва МГ: 112; 93 880 28 19; 221-91-19 ва 223-13-11 муроҷиат кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".